Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони таҳқиқотии «Зеркало» дар мавриди се масъалаи аслии журналистика дар матбуоти Тоҷикистон—забони баён, тавозун ва аҳамияти мавзуъ пажуҳиш анҷом додаст.

Натиҷаи гузориши созмони таҳқиқотии «Зеркало» дар як ҳамоиши рӯзноманигорон дар Душанбе 6-уми сентябр аз ҷониби масъули ин созмон Қаҳрамон Бақозода муаррафӣ шуд.

Созмони «Зеркало» таҳқиқоти худро бо такя ба назару пешинҳоди 30 нафар хонадагони фаъолтарини нашрияҳои Тоҷикистон анҷом додааст.

Натиҷаи пурсиш дар мавриди баёни забони нашрияҳои тоҷикзабон, инъикосу фарогирию пешинҳоди мавзуҳо ва сохтори тарҳи онҳо нишон додаст, ки аксари хонадаҳои пурсидашуда розӣ нестанд.

Аксари хонандагон гуфтаанд, забони нашрияҳо мушкилфаҳм буда, луғатҳои бегона бештар истифода шудааст.

Масъалаи дигаре, ки дар ин гузориши таҳқиқотӣ омадаааст масъалаи тавозун (баланс) ва истифодаи назари шахсӣ ҳангоми навиштани матлаб мебошад. Аксари хонандагони пурсидашуда зикр кардаанд, ки аксари нашрияҳои тоҷикӣ бештар бахши аъзами матлабҳои худро бо назари шахсӣ ё бо фикру назари як нафар менависанд.

"Танҳо дар 10 дар сади матлабҳои нашрияи Азия-плюс аз назари як нафар навишта мешудааст, ки ин аз ҳирфаӣ будани нашрия гувоҳӣ медиҳад" гуфта шуд дар муаррифии ин пажуҳиш.

Дар хусуси масъалаи тавозун (баланс) аксари пуридашудаҳо гуфтаанд, ки аз ҳама бештар ҳафтаномаи «Озодагон» бо назарҳои мухталиф гузоришу мақолаҳои таҳлили худро менавиштааст ва 33 дар сади матлабҳои он бо талаботи баланс ҷавобгу будаанд.

Дар ҳафтаномаи русизабони «Азия- плюс» бошад танҳо 24 дар сади навиштаҳои он ба талаботи тавозун ҷавб медодааст.

Дар робита ба масъалаи актуал будани мавзуъ ва масоиле, ки дар навиштаҳои наширяҳо ба эътибор гирифта мешавад, аз ҳама бештар ҳафтаномаи «Озодагон» ба масъалаҳои актуалӣ таваҷҷуҳ мекардааст.

Бар асоси ин таҳқиқот 57 дар сади матлабҳои нашрияи «Озодагон», 42,9 дар сади ҳафтаномаи «Миллат», 42 дар сади «Азия- плюс», 38 дар сади нашрияи «Фараж», 17,4 дар сади ҳафтаномаи «Нигоҳ», 31 дар сади ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва 4,8 дар сади ҳафтаномаи «СССР» ба мавзуҳои актуалии ҷомеа бахшида мешудаанд.

Дар ин гузориши таҳқиқоти созмони «Зеркало» аслан нашрияҳои хусусии «Озодагон, «Миллат», «Азия плюс», «Фараж», «Нигоҳ», «Тоҷикистон», «СССР» ва чанд нашрияи дигар мавриди пурсиши хонандагон қарор дода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG