Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Сайругашт"-и президент дар кӯчаҳои Душанбе ва ноҳияҳои атроф


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Президенти Тоҷикистон субҳи 18 июл бо мошини худаш аз кӯчаҳои Душанбе ва 4 ноҳияи атрофи пойтахт дидан кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 18 июл, пас аз як сайругашти «ғайрипротоколӣ» аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва 4 ноҳияи водии Ҳисор, аъзои ҳукумат, раисони ноҳияҳои пойтахт ва атрофи он ва масъулони ширкатҳои ҳавопаймоиро барои як ҷаласаи фаврӣ ба ҳузур хонда, аз оулдагиву бенизомиҳо дар кӯчаҳои асосии пойтахт изҳори ташвиш кардааст.

Абдуфаттоҳ Шарифов, раиси дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ошноии мустақим бо вазъ бо мошини худаш тани танҳо ва бидуни тадобири амниятӣ аз хиёбонҳои асосии шаҳр дидан намуд ва ба вазъи тозагиву тартиб дар пойтахт таваҷҷӯҳ кардааст.

«Президент ғайрирасмӣ аз кӯчаҳои пойтахт ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат ва Варзоб дидан кард ва аз вазъи тозагиву ободонии ин ноҳияхо сахт нигарон мебошад,» - зикр кард Абдуфаттоҳ Шарифов. Ӯ афзуд, аз ин сайри ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбонҳои шаҳр ва ноҳияҳои атроф раисони ин ноҳияҳо ва ҳатто дафтари матбуоти худи раисиҷумҳур хабар надоштанд.

Дар ин ҷаласа президент аз раисони ноҳияҳо талаб кардааст, ки дар мохи шарифи Рамазон ва ҳамчунин моҳи август, ки як анҷумани байналмилалӣ дар масъалаи об дар Душанбе сурат мегирад бояд ақалан хонаву дар ва кӯчаву хиебонхоро тозаву озода нигоҳ бидоранд.

Абдуфаттоҳ Шарифов мегӯяд, дар гузашта ҳам президент бидуни тадобири амниятӣ танҳо дар ошхонаи роҳи ағбаи Фахробод хӯрок хӯрда, аз камбудиҳо дар хизматрасониаш дар маҷлиси ҳукумат нақл карда буд. Як расонаи дигар, ҳамин тавр, дар оғози солҳои 2000-ум аз мошини хидматиаш пиёда шудану дар ҳамон ағбаи Фахробод ба як мошини раҳгузар нишастани Эмомалӣ Раҳмонро ҳам қисса карда буд.

Сайругашти «ғайрипротоколӣ»-ии Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаҳои пойтахт ва навоҳии атрофи Душанбе дар ҳолест ки дар ин авохир дар матбуот аз ӯ зиёд даъват мешавад, ки ба он тасвирҳои тавсифомезе ки телевизионҳои расмии Тоҷикистон дар бораи воқеъияти зиндагии мардум дар ин кишвар нашр мекунанд, ва мулоқотҳои аз пеш ташкилшуда бо мардум, ки дар навоҳӣ онро низ ба як минбари мадҳу ситоиши президент табдил додаанд, зиёд бовар накунад.

Аз тарафи дигар, қарор аст, моҳи ноябр интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доир шавад. Ба бовари аксар, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак қариб 21 сол боз зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, дар моҳи ноябр барои боз як давраи дигари ҳафтсола роҳии интихобот хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, ба бовари бархе мегӯянд, ки ин сайругашти ғайрипротоколӣ шояд як навъ гашти пешазинтихоботӣ ба хотири худро ба мардум наздиктар нишон додани раҳбари кунунии Тоҷикистон ҳам бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG