Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Баглан Майлибаев дар Қазоқистон


Рӯзи 16 январ Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти ду корманди пешини дастгоҳи президенти он кишвар хабар дод. Муовини пешини раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури он кишвар Баглан Майлибаев ва собиқ раиси бахши сиёсати дохилӣ Николай Галихин барои пахшу ифшои сирри давлатӣ муттаҳам дониста мешаванд. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон, додгоҳе дар Остона ҳукми боздошти ин ду корманди пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро содир кардааст ва онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин барои бори аввал нест, ки мақомоти баландояи қазоқ боздошт мешаванд. Дар ин сол собиқ вазири иқтисоди миллӣ Куандик Бишимбоеви 36-сола ба иттиҳоми гирифтани ришва боздошт шуда буд. Дар моҳи гузашта мақомот аз боздошти раиси Фонди ягонаи нафақа Руслан Ерденаева ба иттиҳоми ихтилос хабар доданд. Дар авохири моҳи декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нартай Дутбаев ба гумони ифшои асрори давлатӣ, хабар дода буд. Ҳамроҳ бо Дутбаев дипломатҳо Нурлан Ҳасен ва Ерлан Нуртаев боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG