Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

​Дар ҳоле ки ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, боз як даҳсолаи байнулмилалии об эълон шавад.

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Куриёи Ҷанубист ва 12 апрел дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар масъалаи об иштирок кард, пешниҳод намудааст, боз як даҳсолаи дигари байнулмилалии об эълон шавад. Оқои Раҳмон барои тақвияти фикраш гуфтааст, бӯҳрони моливу иқтисодӣ, камбизоатӣ, афзоиши аҳолӣ... ва офатҳои табиӣ барои пурра иҷро шудани ҳадафҳои даҳсолаи аввали об "халал расонданд". Даҳсолаи аввал, ки "Об барои ҳаёт" унвон дошт, соли 2005 аз сӯи Созмони Милал эълон шуда, дар пайи он дар Тоҷикистон Соли оби тоза ва ҳамоиши байнулмилалӣ ҳам баргузор шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, даҳсолаи дуюми байнулмилалиро "Об ба хотири рушди устувор" номанд. "Итминон дорам, бо эълони даҳсолаи навбатӣ татбиқи амалии тадбирҳои нақшавиро дар чаҳорчӯбаи даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” идома медиҳем ва онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор бо саъю талошҳои нав ғанӣ месозем. Умедворем, ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ хоҳад ёфт,"-таъкид кардааст Раҳмон.

Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранду бас. Бино бар гузоришҳои байнулмилалӣ танҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 22 деҳа аз оби поки ошомиданӣ маҳруманд.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Куриёи Ҷанубӣ гуфтааст, агарчӣ дар қаламрави кишвар тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо "инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молӣ имкон намедиҳанд, захираҳои мавҷудаи об ба андозаи пурра ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд."

Вай илова кардааст, дастрасии сокинони деҳот ба оби тоза ё бехатари ошомиданӣ боз ҳам мушкилтар буда, ҳамагӣ ба 40 дарсад баробар аст. Ба қавли раисиҷумҳур, на зиёда аз 10 дарсади сокинони деҳот ба хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл гурӯҳе аз сокинони рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод барои таъмири қубури обашон, ки се киломтер дуртар аз деҳаашон ҷойгир аст, рафта, даҳ нафарашон зери ярч монданд. То кунун ҷасади шаш тан аз онҳо аз зери хок берун оварда шуда, ҷустуҷӯи чор тани дигари онҳо идома дорад. Сокинони Яккабед мегӯянд, солҳо боз ба сахтӣ обро дастрас мекунанд ва ахиран вайрон шудани қубури об онҳоро ба ҷое бурд, ки бо ҳалокати даҳ нафарашон анҷом ёфт.

Баъда аз ин ҳодиса, Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гуфт, мақомоти ноҳияи Файзобод муваззаф шудааст, оби сокинони ин русторо то дари хонаашон биорад. Сокинон мегӯянд, ҳамин тавр, мақомот ҳамаашон аз мушкили оби онҳо огоҳанд, вале то ишора ё таъкиде аз боло нашавад, касе ба ҳалли мушкили онҳо нахоҳад пардохт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии рӯзи якшанбеи худ дар Куриёи Ҷанубӣ аз 600 миллион доллар зиёни сел дар панҷ соли гузашта ба аҳолии кишвар низ ёдоварӣ карда, аз обшавии башиддати пиряхҳо низ нигаронӣ намудааст. Ӯ гуфта, ки "то соли 2030 таъминот бо об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди ниҳоиву хатарноки худ – камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд гуфт, ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта тақрибан ба 6 ҳазор метри мукааб барои як одам дар як сол баробар буд."

ВИДЕО: Рустои беоб дар наздикии Данғара

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG