Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи семент дубора фаъол шуд


Баъд аз таваққуфи нӯҳмоҳа корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанбе дубора бо истифода аз ангишт ба кор даромад.

Як масъул аз корхонаи «Тоҷиксемент» рӯзи 17-уми сентябр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, як танури (печка) истеҳсоли сементи ин корхона бо истифода аз ангишт субҳи имрӯз ба тавлиди семент оғоз кардааст.

Ин манбаъ афзуд, ки «Тоҷиксемент» бо ширкати чиноии Beijeng Jichuang Diansheng шартнома баста таҷҳизоти корхонаро барои бо истифода аз ангишт тавлид кардани семент мутобиқ гардониданд. Ин масъули «Тоҷиксемент» афзуд, ки дар оянда кулли танурҳои ин корхона барои истеҳсоли семент бо истифода аз ангишт мутобиқ гардонида хоҳад шуд.

Баъд аз оне, ки Узбакистон сар аз январи соли ҷорӣ интиқоли газ ба Тоҷикистон қатъ ва шартномаи фурӯши газро бо «Тоҷиктрансгаз» тамдид накард, корхонаи «Тоҷиксемент» пурра аз фаъолият бозмонд. Ҳанӯз моҳи феврали соли равон масъулони ин корхона дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфта буданд, ки наздик ба 1000 коргари ин корхона ба рухсатии бемӯҳлат фиристода шудаанд.

Дар корхонаи «Тоҷиксемент» то қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон 1042 нафар кор мекарданд ва ин корхона дар соли 2012-ум беш аз 200 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст. Ин дар ҳолест, ки иқтидори лоиҳавии «Тоҷиксемент» як миллиону 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон кишварест, ки сементро аз давлатҳои Покистону Эрон ва каму беш аз ҳамсоякишварҳо ворид мекунад.

Охири моҳи августи ҳамин сол дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи семент ба истифода дода шуд. Гуфта мешавад ин корхона яке аз бузургтарин корхонаҳои ҳамсон дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Ин корхона бо иқтидори истеҳсоли 1 миллион тонна семент дар як сол бунёд ёфтааст. Фаъолияти ин корхона ҳам бо истифода аз ангишт пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG