Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини Рустами Эмомалӣ. Ҷавонгароии ҳукумат ё... ?


Рустами Эмомалӣ, писари 26-солаи президенти Тоҷикистон дар нардбони мансаб боз як зина боло рафт ва акнун таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки эҳтимолан ӯ дар оянда яке аз ҷойгузинҳои падараш бошад.

Дар ҷаласаи аввали ҳукумати нав, Эмомалӣ Раҳмон писарашро сардори Хадамоти гумрук таъйин кард. Билофосила баъд аз ин хабар коршиносону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадсу пешгӯӣ шурӯъ карданд, ки Рустами Эмомалӣ ба сӯи президентӣ ва Тоҷикистон ба самти як ҳукумати меросӣ гом бардошт.

Аммо Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони ИНДЕМ ба радиои «Озодӣ» гуфт, таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба сарварии як ниҳод иқдоми тасодуфӣ ва бархоста аз ангезаҳои хешутаборӣ нест, балки нуқтаи таммат гузоштан ба масъалаи ҳокимият ва субот дар Тоҷикистон аст:

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
«Вақте гурӯҳҳои зиёд, аз ҷумлаи домодҳо, қудоҳо, хешу табор ва ҳамшаҳриҳо, барои гирифтани қудрат ба дасти худ мехоҳанд таъсир гузоранд, дар чунин вазъият бояд интихоб маълум бошад, вагарна ин вазъ метавонад ба низоъҳои оилавӣ, гурӯҳӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ орад. Аз ин нигоҳ, ин гуна интихоб суботро таъмин мекунад ва умеди ҳама канда мешавад. Барои давлатдории миллӣ ин интихоб то ҷое ҳатто зарур буд, масъалаи ҳокимиятро ҳал ва суботро таъмин мекунад. Ин дар навбати худ заминаи хубе мешавад барои рушди миллӣ ва рушди иқтисоди миллӣ».

Рустами Эмомалӣ соли 2009 дар синни 22 – солагӣ амалан вориди саҳнаи сиёсат шуд. Он сол ӯро муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сипас узви Кумитаи марказии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон интихоб карданд. Ҳамзамон ӯ дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон кор мекард. Дар синни 23-солагӣ ӯ намояндаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сипас, узви Кумитаи байнулмилалии Шӯрои олимпии Осиё, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Ду сол пеш, вақте Рустами Эмомалӣ 24 сол дошт, ӯ сардори Сарраёсати мубориза алайҳи қочоқ ва қоидавайронкунии Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд ва соли 2012 ба ҷои Суҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ раиси Федератсияи футбол интихоб ва ҳамон сол муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд.

Тӯли ин ҳама солҳо расонаҳо дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ӯро дар қатори афроди бонуфузи раддаи аввали Тоҷикистон зикр мекунанд. Дар бораи фаъолиятҳои тиҷорӣ ва пуштибониҳояш аз ширкатҳо низ ҳадсу гумонҳо вуҷуд доранд, аммо то ба ҳол амалан касе инро собит накардааст.

Сол ба сол аз зинаҳои мансаб боло рафтани писари бузурги президенти Тоҷикистон фарзияҳоеро ҳам ба миён овардааст, ки пас аз 7 соли дигар Эмомалӣ Раҳмон писарашро вориси худ эълон хоҳад кард.

Исмоил Раҳматов, устоди сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ як аз раҳбарони Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди он ки аз синни нафақа гузаштаанд, то ба ҳол ворисони худро эълон накардаанд. Вай афзуд, ин масъалаи бисёр нозук аст, ки ба суботи ҷомиа ва ҳатто минтақа рабт дорад:

«То ба имрӯз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рӯшану возеҳ нагуфта ва ҳатто ишорае ҳам ба ин накардааст, ки писарашро ё як тани дигарро вориси худ медонад. Ин ҳама гапу калочаи мардуманд, зеро таври маълум, танҳо нафари 35-сола дар Тоҷикистон метавонад президент интихоб шавад. То соли 2020 Рустами Эмомалӣ ба 33 қадам хоҳад ниҳод. Бо ин вуҷуд, аз ҳама муҳим ин аст, ки дар вазифаҳои нав ӯ ҳамчун як ҷавон худро чӣ тавр нишон медиҳад. Мегӯянд, ки «бош, то субҳи давлаташ бидамад». Бубинем, ки то 7 соли дигар чӣ мешавад».

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, интихоби Рустами Эмомалӣ аз ҷониби президент дар доираи барномаи ҷавон кардани ҳукумат сурат мегирад ва фарзандони президент ҳам мисли ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳуқуқи таъин шудан ба ин ё он мансабро доранд.

Рустами Эмомалӣ дар доираи таъйиноти ҳукумати ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ки ниҳоят анҷом шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳукумати нав дар ҳайати сарвазир, муовини якум ва се муовини сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.
XS
SM
MD
LG