Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои шаш санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт


Дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кувайт, шаш санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар мавриди бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар, туризм, тандурустӣ ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди кувайтии рушдро аз ҷумлаи санадҳое унвон кардааст, ки миёни мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт ба имзо расидаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, ҳамчунин Баёнияи муштараки роҳбарони ду давлат нашр гардид, ки дар он нуктаҳои муҳимтарини мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дарҷ гардидааст. Инчунин интизор меравад, имзои боз чанд санади ҳамкорӣ зимни мулоқотҳои дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва миёни сохторҳои соҳибкории ду кишвар сурат бигирад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 июн бо як сафари давлатии серӯза ба Кувайт рафт. Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар мушовираш дар масоили сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазирони хориҷаву молия ва беҳдошт Ҳамроҳхон Зарифӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Нусратуллоҳ Салимов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, мудири Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Боздиди ҳайъати Тоҷикистон аз Кувайт то 25 июн давом хоҳад кард.

Ба навиштаи хабаргузории CA-news, интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар Ал-Кувайт бо мақомоти баландпояи ин кишвари арабии халиҷи Форс масоили равобити дуҷонибаро баррасӣ кунад. Дар ҷараёни ин сафари серӯза имзои 8 қарордоди ҳамкорӣ байни ду кишвар дар назар дошта шуда, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ва дар бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар низ ширкат кунад.

Ҳафтаи гузашта дар пешорӯи сафараш ба Кувайт раисиҷумҳури Тоҷикистон ба расонаҳои ин кишвари арабӣ мусоҳиба дод. Дар ин сӯҳбат, ки аз сӯҳбатҳои ангуштшумори Эмомалӣ Раҳмон бо матбуот аст, оқои Раҳмон изҳори умед кард, ки сафари ӯ уфуқҳои наверо дар осмони ҳамкории Тоҷикистону Кувайт боз хоҳад кард. Ӯ аз ҷумла сармоядорони кувайтиро ба сармоягузорӣ ба арсаҳои энерживу турзим ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон даъват кард ва бори дигар аз захираҳои бузурги табиии кишвараш ва дар Тоҷикистон воқеъ будани 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ ёдовар шуд.

Дар ҳоли ҳозир, равобити Тоҷикистону Кувайт дар марҳалаи танҳо шурӯъ шудан аст. Нахустин иҷлосияи кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт рӯзи 23 май дар Душанбе доир шуд. Дар ҳамин нишаст як протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки нахустин санади ҳамкории ин ду кишвар ба шумор меравад. Ҳайъати Кувайтро дар ин музокирот муовини сарвазираш Мустафо Шамолӣ раҳбарӣ мекард. Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт баъди анҷоми музокирот ба Озодӣ гуфт, ин санад роҳро барои оғози равобити ду кишвар боз мекунад: «Миёни Тоҷиистону Кувайт тақрибан гардиши мол вуҷуд надорад, вале Кувайт ба унвони як кишвари қавии иқтисодӣ метавонад дар тарҳҳои муҳими Тоҷикистон саҳм гузорад ва барои мисол, дар бахши туризм бо мо ҳамкорӣ кунад.»

Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт моҳи январи соли равон боз шуд.
Танҳо дар як моҳи охир Кувайт панҷумин кишварест, ки Эмомалӣ Раҳмон боздид мекунад. Оқои Раҳмон аз 17 то 20 май аз Таиланду Чин дидан карда, рӯзҳои 26-27 мартро ба манзури ширкат дар як нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои пасошӯравӣ дар Бишкек ба сар бурд. Рӯзи 5 июн раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни афғону туркманаш дар вилояти Лабиоби Туркманистон дар расми ифтитоҳи бунёди роҳи оҳане, ки бояд аз Туркманистон то Афғонистон ва сипас то Тоҷикистон кашида шавад, ширкат варзид.

Коршиносон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон бештар бо талаби ҷалби сармоя рӯ ба ин кишвари саршор аз нафти халиҷи Форс овардааст, вагарна ҳаҷми кунунӣ ва ҳам дурнамои табодули молу коло ба ин кишвар хеле камранг ба назар мерасад. Дар соли 2012, ба навиштаи CA-news, мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Кувайт ҳамагӣ 17,6 миллион долларро ташкил дод. Тамоми ин маблағ аз ҳисоби воридоти мол аз Кувайт будааст ва Тоҷикистон соли гузаштаву солҳои пеш ба он кишвар чизе содир накардааст.
XS
SM
MD
LG