Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи мулоқоти муштараки номзадҳо бо интихобкунандагон тасдиқ шуд


Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ.
Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ.

Кумиссиюни Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нақшаи вохӯрии муштараки номзадҳо бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои ин кишварро тасдиқ кард.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи сешанбеи 15-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки " тибқи қарори КМИРТ ва мутобиқ ба моддаи 12 Қонуни конститусионӣ дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон вохӯриҳои муштараки номзадҳо бо интихобкунандагон бо қадри имкон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва шаҳру ноҳияҳое, ки шумораи зиёди интихобкунандагон доранд, ташкил карда мешаванд."

Ҷаноби Додоев афзуд, ки "тибқи қонун номзад ба мансаби президент ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чи дар маҷлисҳо ва чи дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо анҷом диҳад."

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷанобюи Додоев, ба номзадҳои интихоботӣ тавсия карда шуд, ки аз имкониятҳои пешбиникардаи қонун истифода карда, дар алоҳидагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сӯхбату вохӯриҳо бо интихокунандагонро баргузор намоянд ва ҷиҳати фаҳмонда додани нуктаҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро миёни аҳолӣ ба роҳ монанд.

Раҳбари дастгоҳи КМИРТ мегӯяд, дар баробари ин ба номзадҳо ба мақоми президент ва шахсони боэътимоди онҳо низ тавсия шуд, ки мутобиқ ба қарори КМИРТ тавассути телевизион, радио ва матбуоти давлатӣ барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳоро муаррифӣ намоянд. Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт, ки зимни корзори тарғиботӣ ба номзадҳо дар телевизионҳои давлатӣ ним соатӣ вақти ҳатмӣ дода хоҳад шуд ва шахсони боэътимоди онҳо 20 дақиқа метавонанд аз ин минбари саросарӣ истифода кунанд.

Абдуманон Додоев , раҳбари дасгоҳи КМИРТ гуфт, ки ин ниҳоди интихоботӣ, шакл ва матни баргаҳои раъй ё бюллетенҳои интихоботиро тасдиқ намуд ва дар бюллетен ба тартиби алифбо рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президент бо зикри насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа ва ҷои кор дохил карда шудааст.

Вай мегӯяд, бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз 10 рӯз то рӯзи баргузории интихоботи президентӣ бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап мезананд, аз ҷониби КМИРТ барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ омода карда мешаванд.

Аммо ба таъкиди ин мақоми КМИРТ, баргаҳои раъй ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот расонида мешаванд. Биное, ки баргаҳои раъй дар он нигоҳ дошта мешаванд, муҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG