Пайвандҳои дастрасӣ

Имзоҷамъкунӣ: "Кумак"-и мақомот ба баъзе номзадҳо ва мамониат ба якеи дигар


Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзоҳо барои довталабони ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад

Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзоҳо барои довталабони ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ идома дорад.

Ҳар муддаӣ тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, бояд то рӯзи 7 октябр имзои дастикам 210 000 интихобкунандаро ҷамъ оварда, рӯйхати онҳоро ба Кумиссиюни марказии интихобот(КМИР) бисупорад. Вале ҷамъоварии имзояо як раванди чандон содда нест. Ситоди довталаб бояд қабл аз шурӯъи ҷамъоварии имзоҳо бояд аввал аз КМИР ва сипас аз раисони ноҳияҳо расман иҷозат бигирад.


Ситоди яке аз довталабони асосӣ мегӯяд, ин шароит ба дасти мақомоти маҳаллӣ василае додааст, ки дар роҳи гирдоварии имзоҳо мониа эҷод кунанд. Ҳарчанд ба ҷуз аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷамъоварии имзо барои пешбарии номзади худ мушкил надоранд.


Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, раис ва номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, гурӯҳи ташаббускори ин ҳизб ба ҳамаи вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон, ба ҷуз аз вилояти Бадахшон фиристода шудаанд ва маъракаи имзоҷамъкунӣ дар авҷ аст: «Дар рӯзҳо наздик мо ба вилояти Бадахшон низ аъзои гурӯҳи ташаббускорро барои ҷамъоварии имзоҳо мефиристем. Ҳизби мо дар ҷамъовари имзо ҳеҷ мушкил надорад то ба ҳол. Ман худам шахсан дар ду ноҳия - Рӯдакӣ ва Фирдавсии пойтахт - дар ҷараёни гузоштани мӯҳр ба имзоварақаҳо ширкат доштам, вале масъулин ҳеҷ монеа эҷод накарданд. Дар назди мо ба варақаҳои номзади ҲНИТ имзо гузоштанд, баъд ба варақаҳои мо.» Ҷаноби Ғаффоров афзуд, ба мушоҳидаи вай, мақомот ба ҳамаи ҳизбҳо муносибати якхела дошта, барои ҳамаи онҳо имкониятҳои баробарро фароҳам меоранд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳарчанд танҳо се рӯз боз ба ҷамъоварии имзоҳо сар кардааст, мегӯяд, алакай ба гирдоварии беш аз 47 ҳазор имзои тарафдорони номзади худ муваффақ шудааст. Саидҷаъфар Исмонов, раис ва номзади ин ҳизб дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сирри ин муваффақият дар роҳандозии дурусти кор дар дохили ҳизб аст: «Мо ба вакилоне, ки дар анҷуман ширкат доштанд, тарзи дурусти корро фаҳмондем ва ба онҳо пас аз як рӯзи анҷуман имзоварақаҳои аз сӯи КМИР тасдиқшударо додем ва ба манотиқашон равона сохтем. Ҳар рӯз аз онҳо се маротиба гузориш мегирем, ки чӣ миқдор имзо ҷамъ овардаанд?»

Ҳамин тариқ, ҳизби агарарӣ ҳам дар ҷамъоварии имзо мушкиле надоштааст. Амир Қарақӯлов, роҳбари ин ҳизб гуфт, ду рӯз боз ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадашон пардохтаанд, вале то ба ҳол миқдори имзоҳо маълум нест: «ин маъракаи ҷамъоварии пахта нест, ки ҳар рӯз дар бораи миқдори он гузориш диҳем. Лекин дар ноҳияҳо барои мо ягон монеа эҷод намекунанд, чунки раисони ноҳияҳо аксарияташон аз деҳотанд ва сидқан тарафдори ҳизби моянд.» Қароқулов изҳори умед кард, ки ҳизбаш ба тарафдории номзади худ – Толиббек Бухориев – 210 000 имзои лозимро то таърихи муайяншуда, яъне 7 октябр, гирд хоҳад овард.


Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Аммо аъзои ситоди номзад аз ИНИТ шикоят кардаанд, ки ҳарчанд пеш аз ҳамаи ҳизбҳои дигар ба ҷамъоварии имзо пардохтаанд, аз аввалин қадам ба монеаҳои зиёде рӯбарӯ шудаанд.Бино бар маълумоти ситоди номзад Ойниҳол Бобоназарова, дар ҳафт рӯзи гузашта аз 68 раиси шаҳру ноҳия танҳо 21 нафари эшон ба имзоварқаҳои онҳо мӯҳрӯ имзо гузоштанд.

Як намояндаи ин ситод гуфт, раисони бархе аз ноҳияҳо дар ивази гузоштани мӯҳр ба имзоварақаҳо аз роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҲНИТ талабҳои ғайриқонунӣ мекунанд: «Масалан, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар Хатлон ба аъзои гурӯҳи ташаббускор барои ҷамъоварии имзоҳо гуфтааст, ки то рӯйхати пурраи аъзои ҲНИТ-ро дар ин ноҳия ба ӯ дода, ваъдаи бастани дари дафтари ин ҳизбро ба вай надиҳанд, ба имзоварақаҳои онҳо мӯҳр намемонад.»

Масъулони ситоди Бобоназарова мегӯянд, узви гурӯҳи ташаббускор ҳамин тарв 3 рӯз боз аз қафои раиси ноҳияи Нуробод дар минтақаи Рашт медаванд, вале ӯ то ба ҳол бо баҳонаҳои мухталиф дар имзоварақаҳои номзади ИНИТ мӯҳр нагузоштааст.


Абдуғанӣ Муҳаммадазимов

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, меъёри ҷамъоварии 5 дарсади имзои интихобкунандагон барои ҳизбҳои сиёсӣ як монеаи ҷиддӣ аст: «Амалан танҳо ду ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон тавону қудрати ҷамъоварии 210 ҳазор имзоро доранд. Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва ҳизби наҳзати исломӣ. Мақомот аз рӯи салоҳдиди худ, ки ин ҳизб тарафдор ва дигарӣ муқобили давлат аст, ба аҳзоби сиёсӣ кумак ва ё баръакс монеа эҷод мекунанд. Худи таҷрибаи интихоботҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки ҳарчанд номзадҳои ҳизбҳо панҷ фоизи овозҳоро ҷамъ оварда, вориди интихобот мешаванд, аммо дар худи интихобот як ва ё ду фоиз овоз мегиранд. Аз ҳамин ҷо мешавад хулоса кард, ки имзоҳои ҷамъовардаи бархе ҳизбҳо тақаллубӣ аст.»

Дар ҳамин ҳол, як корманди Иттиҳодияи моликони манзил (ЖЭУ) дар Душанбе бидуни бурдани номаш дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз сӯи мақомоти болоӣ ба онҳо дастур шудааст, то имзои сокинони як хонаи бисёрошёнаро ба тарафдории номзади як ҳизб гирифта, пас аз бинои дигар ба тарафдории номзади дигар имзо ҷамъ кунанд. Ин масъули Иттиҳодияи моликони манзил афзуд, мақомот ба онҳо гуфтанд, ки шаҳри Душанберо нозирони САҲА дар арафаи интихобот месанҷанд ва ба ҳамин далел барои нишон додани шаффофият ва имкониятҳои баробари ҳизбҳо чунин дастур дода шудааст. Вале дар маҳофил мегӯянд, ҳадаф шояд «кумак» ба аҳзоби кисагии ҳукумат дар ҷамъоварии имзоҳо бошад, вагарна эҳтимоли дар ин амр ба кумаки номзади ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова шитофтани мақомот амре хеле боварнокарданӣ ба назар менамояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG