Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳо: Толиббек Бухориев


Бухориев Толиббек Аҳмадович

Ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон аз ҳизби аграрӣ.

3 сентябри соли 1954 дар ноҳияи Ванҷ дунё омада, соли 1978 риштаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Собиқаи корӣ:

Солҳои 1973-1978
Солҳои 1978-1979
Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон.
Лаборанти калони Институти илмию таҳқикотии «Зироаткор», ноҳияи Ҳисор, ҳамзамон муаллими Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1979-1980 Лаборанти калони кафедраи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ҳамзамон ходими хурди илмии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 1980-1983 Аспиранти кафедраи растанипарварии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1983-1989 Ассистенти кафедраи растанипарварии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1989-1993 Дотсенти кафедраи растанипарварии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1993-1994 Котиб, мудири аспирантураи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1994-1997 Докторанти Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви, ш. Москва.
Солҳои 1997-1998 Дотсенти кафедраи растанипарварии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 1998-2001 Мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ш. Душанбе.
Солҳои 2001-2008 Директори генералии Институти илмию таҳқиқотии «Зироаткор» ба номи А.Н.Махсумов.
Аз соли 2008 Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Рӯзи 17 сентябри соли 2013 дар анҷумани ҳизби аграрии Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб ба интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
XS
SM
MD
LG