Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз чӣ нагуфт? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ироаи паёми солона. 22 декабри 2016
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ироаи паёми солона. 22 декабри 2016

Баъзе аз коршиносон аз Эмомалӣ Раҳмон интиқод карданд, ки дар паёми имсолааш ба порлумону мардуми кишвар аз равобити умедворкунандаи Тошканду Душанбе ва, инчунин, вазъи, ба қавли онҳо, ташвишовари озодии баён ҳарфе нагуфтааст. Шокирҷони Ҳаким – муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – рӯзи 22 декабр гуфт, ин нуктаҳое буданд, ки сокинон дар дохилу хориҷ мехостанд аз забони президент шунаванд. "Вале ин чиз садо надод. Вагарна интизор доштем, ки вазъи фазои иттилоотӣ, мушкили нашрияҳо, рақобати сиёсӣ ва таҳкими арзишҳои демократӣ баррасӣ мешавад", - афзуд ӯ.

Дар соли 2018 чарха ё агрегати нахустини ин нерӯгоҳ ба кор медарояд ва пас аз 3 сол истиқоли энержӣ таъмин хоҳад шуд."

Шарики асосии Тоҷикистон кист?

Ба қавли Шокирҷони Ҳаким, бори аввал дар бахши сиёсати хориҷӣ раиси ҷумҳур аз ягон кишвари мушаххас ба сифати шарики муҳим ном набурда, "ҳифзи манфиати миллиро аз авлавиятҳои аслӣ дар сиёсати хориҷӣ" унвон кардааст. Дар гузашта дар сиёсати хориҷӣ авлавият нахуст ба Русия ва сипас ба кишварҳои дигар дода мешуд.

Назари Шокирҷони Ҳаким инҷост:

Шокирҷони Ҳаким: "Паёми раиси ҷумҳур бештар ба ҳисобот монанд буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Меҳмоншоҳ Шарифзода, коршиноси мустақил, низ гуфт, дар паёми имсолаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон воқеияти имрӯзи кишвар баён нашудааст. "Воқеияти имрӯз чист? Системаи шаклгирифтаи фасод аст, ки ба пешравӣ ва тағйирот дар ҷомеа имкон намедиҳад. Бояд дар паём роҳҳои шикастани ин система нишон дода мешуд, вале набуд", - таъкид дошт ӯ.

Ёвари президент: Тафовут буд

Меҳмоншоҳ Шарифзода
Меҳмоншоҳ Шарифзода

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, паёми имсолаи президент аз паёми солҳои гузашта ба куллӣ фарқ дошт ва чанд пешниҳоди мушаххас ироа гардид. Ӯ гуфт, "муҳимтарини он эълон шудани соли оянда Соли ҷавонон аст. Зеро Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Пешниҳодҳои дигар дар мавриди рушди сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи меросу анъанаҳои мардумӣ буд. Хатти машши давлат барои ба кишвари саноативу кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҷумлаи навгоние дар паём аст, ки то соли 2030 бояд амалӣ шавад."

Сенарияи ҷанги Тоҷикистон дар Ироқу Сурия?

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Абдуҷаббор Раҳмонзода

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22 декабр паёми солонаашро ба порлумону мардуми кишвар ироа кард ва дар оғоз аз ҷанги дохилии солҳои 90-уми асри гузашта ёдоварӣ намуд. Вай гуфт, чунин сенария ҳоло дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Яман бо мудохилаи хориҷиён идома дорад.

Се соли дигар то рафъи бебарқӣ?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин паёмаш гуфт, то се соли оянда кишвар ба истиқлоли энержӣ даст ёфта ва сокинон аз панҷаи бебарқӣ раҳо хоҳанд шуд. Оқои Раҳмон сохтмони нерӯгоҳи Роғунро роҳи асосии наҷот донист ва афзуд, “дар соли 2018 чарха ё агрегати нахустини ин нерӯгоҳ ба кор медарояд ва пас аз 3 сол истиқолияти энержӣ таъмин хоҳад шуд.” Ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шуда, сокинони кишвар дар шабонарӯз аз 5 то 10 соат манбаи рӯшноӣ ва гармӣ мегиранд. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад будааст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нерӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.

"Бонкҳо пасандози сокинонро медиҳанд"

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ироаи паём. 22 декабри 2016
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ироаи паём. 22 декабри 2016

Президент Раҳмон дар паёмаш ба фаъолияти бахши сайёҳӣ дар кишвар низ ишора карда гуфт, ҳамаи ниҳодҳои туристӣ дар 5 соли оянда аз пардохти ҳама гуна андоз озод шаванд. Ба қавли ӯ, аз 1 январи соли 2017 воридоти мошинҳои нав ба Тоҷикистон низ ба ҳисоби 50 дарсад аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод хоҳанд шуд. Вай, инчунин, ба сокинони кишвар итминон дод, ки пасандози онҳо аз бонкҳо ба таври пурра баргардонда мешавад.

24 соли ҳукуматдорӣ

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 24 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ ва тайи дастикам 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент гурӯҳҳои вижае таъсис дода мешаванд, ки бояд ҷараёни иҷрои нукоти омада дар ин суханрониҳои, ба гуфтаи мақомот, барномавии Эмомалӣ Раҳмонро назорат кунанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 24 сол вазъи иқтисодӣ ҳанӯз ҳам бӯҳронӣ аст ва будҷаи ҳукумат ҳоло ҳам ба маблағҳои муҳоҷирони корӣ шадидан ниёз дорад. Ба гуфтаи мухолифони ҳукумат, Тоҷикистон дар ду соли ахир аз ҷодаи демократия ва мардумсолорӣ дур шуда, барои тамаркузи бештари қудрат дар дасти як нафар, аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ҳизбҳои мустақил ва аз байн бурдани плюрализми сиёсӣ иқдом кард.

Паёми раиси ҷумҳур, зери борон, дар толор ва ба ҷойи рекламаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

XS
SM
MD
LG