Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар авоили моҳи оянда ба Маскав меравад.

Бино ба иттилои сомонаҳои расмии президентони Тоҷикистон ва Русия, рӯзи 26-уми июл раиси ҷумҳуриҳои ин кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон як гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Гуфта мешавад, ки зимни гуфтугӯи телефонӣ, президентҳои ҳарду кишвар масъалаҳои муҳими дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ доир ба сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сӯҳбат шудааст. Ба навиштаи ин манбаъҳо, тасмим гирифта шудааст, ки дар таърихи 1-уми августи соли равон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кунад.

Дар хабаре, ки дар сайти президенти Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад, ки гуфтугӯ дар нимаи дуюми рӯз сурат гирифт ва "сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, пиромуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар намуданд".


Сайти президенти Тоҷикистон менависад, ки Владимир Путин пешниҳод намуд, ки "барои баррасии муфассалтари мавзӯоти зикргардида сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва 1 августи соли ҷорӣ сурат гирад. Ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд".


Феълан тафсилоти дигари ин сафар ва гуфтугӯҳои телефонии ду раҳбар дар даст нест. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия ба суоли Озодӣ оид ба ҷузъиёти бештари барномаи сафар гуфт, ки бо наздик шудани рӯзи ин мулоқот, маълумоти бештар дар саҳифаи президенти Русия нашр хоҳад шуд.

Охирин мулоқоти президентҳои ду кишвар 4-5 октябри соли 2012 дар Душанбе сурат гирифт ва дар ин мулоқот ҷонибҳо додугирифтҳоеро дар заминаи тазмини ҳузури низомии Русия дар дар Тоҷикистон ва кӯмакоҳи низомиву иқтисодии Русия ба Тоҷикистон анҷом доданд. Аммо ба сурати умум, ин созишномаҳо ё якҷониба тасвиб шуданд ё аслан дастнохурда боқӣ монанад. Ҳоло аксари таҳлилгарон ба ин назаранд, ки равобити Маскаву Душанбе ба сардӣ гаравидааст ва иллаташ ҳам иҷро нашудани бандҳои созишномаи иқтисодиву низомӣ аз тарафи Маскав аст.

Дар ҳар сурат, таҳлилгарони масоили сиёсӣ замони сафарро ҷолиб арзёбӣ мекунанд. Ин сафар дар марҳилае сурат мегирад, ки Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентӣ қарор дорад ва нақши Маскав дар пуштибонӣ аз довталаби курсии раёсати ҷумҳур муҳим арзёбӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG