Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ. Бо Оғохон ё бе?


Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохон дар ифтитоҳи Маркази исмоилиён, 13 октябри соли 2011.

Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохон дар ифтитоҳи Маркази исмоилиён, 13 октябри соли 2011.

Қарор аст раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалҳои моҳи июл ба Бадахшон сафар кунад. Эҳтимол меравад, ки шоҳзода Оғохони чаҳорум ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Намояндагони ниҳодҳои давлатии вилояти Бадахшон мегӯянд, ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ мегиранд, ки интизор меравад дар аввалҳои моҳи июл ба вуқӯъ пайвандад. Аммо то ҳоло дақиқ нашудааст, ки президенти Тоҷикистонро дар ин сафар имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғохон, ки дар ҳамин давра ба Осиёи Марказӣ (Қазоқистон ва Қирғизистон) сафар мекунад, ҳамроҳӣ хоҳад кард ё на. Пештар хабаре нашр шуда буд, ки Раҳмон ва Оғохон дар таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон -- 27-уми июн дар Хоруғ канори ҳам хоҳанд буд. Дертар ин хабарҳо рад шуда, сафари президент ба Хоруғ низ ба таъхир афтод.

Гулдаста Орумбекова, муовини раиси ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи 11-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, дар доираи як барнома дар вилоят омодагиҳо ба сафари президенти кишвар ба Бадахшон шурӯъ шудааст. Вай афзуд, дар назар аст дар моҳи июл президенти кишвар ба вилояти Бадахшон сафар кунад, аммо дар бораи таърихи дақиқи ин сафар дар ҳоли ҳозир хабар дода намешавад. Бино ба бархе аз манобеи наздик ба ҳукумати вилояти Бадахшон сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон дар ибтидои моҳи июл тарҳрезӣ шудааст. Дар мавриди сафари Оғохон ба Бадахшон хонум Орумбекова изҳори бехабарӣ кард.

Муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Бадахшон гуфт, ӯ дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Роштқалъа қарор дорад ва ҳамроҳи як гурӯҳ аз кормандони ҳукумати ин ноҳия кӯмакҳоеро, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба мардуми Бадахшон фиристода шудаанд, тақсим мекунад. “Бо расидани ин кӯмакҳои саривақтӣ онро мардуми ниёзманди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва дигар минтақаҳои Бадахшон дарёфт карданд,” -- мегӯяд хонум Орумбекова.

Тавре Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта иттилоъ дода буд, бо супориши президенти кишвар бо мақсади дастгирии иҷтимоии ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоати вилояти Бадахшон корвони иборат аз 76 мошини пурбор бо маблағи панҷуним миллион сомонӣ ба ин минтақаи кӯҳистонӣ фиристода шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин кӯмакҳо 1100 тонна маводи ғизоиро дар бар мегиранд ва ба 8597 хонаводаи камбизоати ин вилояти кӯҳистонӣ, расонида мешаванд. Ҳамчунин ба 670 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кул сару либос ва пойафзол ва ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ дода мешавад. Барои ба гунаи шаффоф тақсим намудани ин кӯмакҳо, аз ҳисоби аъзои ҳукумат, дастгоҳи президент ва раҳбарони маҳаллии Бадахшон гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солона ба минтақаҳои дурафтодаи кишвар сафар мекунад. Қаблан гуфта мешуд, сафари ӯ ба Бадахшон ҳамроҳ бо имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғохони чаҳор иттифоқ хоҳад афтод. Қарор буд, ин сафари Оғохон ба Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми ифтитоҳи пули Шоҳон - Хоҳон миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Шӯробод сурат бигирад. Аммо ба далели таъхир дар корҳои сохтмонӣ ин сафари ӯ ҳам ба ақиб уфтод ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, Оғохон баъд аз моҳи майи соли 2015 дар ҳар вақти барояш мувофиқ метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.

Шоҳзода Карим Оғохони 4, ки аз соли 1957 имоми 49-уми исмоилиҳост, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд аз соли 1993 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъол аст. Ширкати “Tcell” яке аз бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон аст, ки ҳар сол мустақим ба буҷаи Тоҷикистон 100 миллион доллар ворид мекунад ва ҳам Бонки микромолиявӣ низ ба ин бунёд тааллуқ дорад.

Тӯли солҳо миёни раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Карим Оғохон равобити дӯстона барқарор шуда, нақши имоми исмоилиён аз замони истиқлолияти Тоҷикистон то ҳоло барои барномаҳои хайрия ва рушди ин кишвар зиёда аз 300 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар бӯҳрони амниятии соли 2012 дар Хоруғ Оғохон нақши мусбат бозид ва ба ҳалли осоиштаи низоъ мусоадат намуд. Ин дар ҳолест, ки Оғохон ҳамеша талош кардааст, мудохилае ба сиёсат надошта бошад.

Вазъи Бадахшон бори дигар дар моҳи майи соли гузашта, замоне муташанниҷ шуд, ки маъмурони ам ниятӣ бо талоши боздошти гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар маркази Хоруғ тирандозӣ карданд ва рӯзҳои баъдаш сокинони шаҳр тазоҳурот барпо намуданд. Дар як соли гузашта вазъ дар ин ҷо ором буда, нигарониҳо бештар ба марзи байни Тоҷикистону Афғонистон рабт мегиранд. Рӯзи якшанбе мақомоти афғон хабар доданд, ки ситезаҷӯён минтақаи Юмгони Бадахшони Афғонистонро ишғол кардаанд, ки ба марз наздик аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG