Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Олмон


Имрӯз, 24 феврал, дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон марҳилаи аввали Гран-прии ҷудо аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федеросиюни байналмилалии ҷудо) шуруъ шуд. Дар ин мусобиқа, ки се рӯз идома хоҳад кард, 346 варзишгар (206 мард ва 140 зан) аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил аст: Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Акмал Муродов, Сафарбек Муродов (ҳарду – 81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Муртазо Аминов (ҳарду – 90 кг) ва Абдулваҳҳоб Сатторов (-100 кг).

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 24 феврал – занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг, мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбе, 25 феврал, ҳолибон аз рӯи ду вазн - 63 ва 70 кг миёни занон, 73 ва 81 кг миёни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбе, 26 феврал, бо рақобатҳо дар вазнҳои 78 ва беш аз 78 кг миёни занон, дар вазнҳои 90, 100 ва беш аз 100 кг байни мардон ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик рӯзҳои 11-12 феврал дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) дар пойтахти Фаронса - Порис – ширкат доштанд.

Аз байни чаҳор паҳлавони тоҷик танҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи нисбатан хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Канада ва Финляндия пирӯз шуд, вале баъдан аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Аксел Клергети фаронсавӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд.

XS
SM
MD
LG