Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наврӯзи... бе президентҳо


Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод. Акс аз бойгонӣ

Имсол раҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз нагуфтаанд, дар куҷо ҷамъ хоҳанд омад. Зоҳиран "анъана"-е, ки чаҳор соли пеш Эмомалӣ Раҳмону Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай асос гузошта буданд, дар ҳоли аз байнравист.

Дар ҳоле ки қаблан мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз иштироки раҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҷашни байналмилалии имсола дар Хуҷанд суҳбат мекарданд, ҳоло мегӯянд, аз хориҷа меҳмон доранд, аммо на дар сатҳи президентҳо.

Толиб Норов, муовини раиси бахши байналмилалии вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло барои иштирок дар ҷашни имсолаи Наврӯз дар шимоли кишвар "раҳбари бахши фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ё ЭКО ва муовинони вазирони фарҳанги Афғонистону Эрон ва Покистон омадаанд."

Аммо ӯ гуфт, иштироки раҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Афғонистону Эрон, дар назар нест.

Масъулони дабирхонаи Наврӯз дар Эрон ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буданд, намедонанд мизбони имсолаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз кадом кишвар аст. Вале масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар посух ба ин иддаои ҷониби Эрон гуфта буданд, Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар кишвари мо мегузарад.

Нахустин давраи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ соли 2011 дар Эрон баргузор шуд ва раҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ ва вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия дар он ҳузур доштанд. Ҷашни Наврӯзи байналмалилӣ солӣ 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор шуд.

Бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2014 дар Кобул, тақрибан 700 раҳбари маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.

Намояндагони сафоратхонаҳои Эрон ва Афғонистон дар Душанбе гуфтанд, барояшон маълум нест, мизбони имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки гоҳо бо номи "Наврӯзи президентҳо" низ ёд мешавад, кадом кишвар аст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ мегӯяд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имсол барои иштирок дар кадом Наврӯзи байналмилалӣ дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват нашудааст.

Ба ин тартиб, номаълум боқӣ монд, ки раҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз оё имсол гирди ҳам хоҳанд омад ваё на? Ё ин “анъана” бо рафтани Маҳмуди Аҳмадинажоду Ҳомид Карзай аз мақоми раҳбарӣ дар Эрону Афғонистон аз байн меравад?

Сафари чоррӯзаи Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 21 март ба вилояти Суғд рафт, то дар ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар Хуҷанд иштирок кунад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ҷараёни ин сафараш ба Суғд, оқои Раҳмон "чандин иншооти навбунёдро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад дод".

Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд, раисиҷумҳур дар лаҳзаҳои аввали сафараш ба ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, аз рӯи муҷассаами 12-метрии Исмоили Сомонӣ парда бардоштааст. Инчунин, ӯ дар ифтитоҳи қасри фарҳанги ин ноҳия иштирок кардааст, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз ёфта, ба қавли мақомот, намуди зоҳирияш бештар ба қасри Арбоб дар Хуҷанд шабоҳат дорад.

Ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ шоми 22 март дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст, дар чорчӯби баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз меҳмонон маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, “Чорбоғ” ё “Боғи Камоли Хуҷандӣ”, ки дар он мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва муҷассммаи ин шоири саршиноси форсу тоҷик низ воқеъ аст, баҳрабардорӣ шаванд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар пайи сафари ҷаноби Раҳмон ба шимоли кишвар аксари роҳҳои Хуҷанд баста буда, сокинон барои аз ҷое ба ҷое рафтан маҷбуранд, роҳҳои берунтар аз шаҳрро интихоб кунанд ва ё пойи пиёда раванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG