Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозони осебдидаи садамаи қатораи Душанбе-Конибодом дар Узбакистон дар госпитали Чкалов табобат мегиранд ва ба гуфтаи табибон, ҳоло 26 нафар таҳти назорати онҳо қарор доранд.

Рӯзи чоршанбеи 16-уми октябр ба дидани сарбозони маҷруҳ ба госпитали Чкалов рафтам. Дар қабати дуюми бинои госпитал ҷавонон бистарӣ буданд. Палатаҳо равшан ва тозаю барҳаво, либоси бемористонии сарбозон низ нав буд. Даст, по ва сари баъзе сарбозон докапеч буд. Аз сӯҳбатҳояшон бо ҳам аён буд, ки онҳо баъд аз ҳолати “шок” –и баъди садама ба худ омадаанд.

Беҳрӯз Хоҷаев, яке аз сарбозони навдаъват дар садама аз пову даст зарб хӯрдааст. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки аз зодгоҳаш шаҳри Душанбе қатори дигар навдаъватон дар қаторе, ки дар Узбакистон ба садама дучор шуд, барои адои хидмати ҳарбӣ ба Хуҷанд меомад.

“Дар вагони 8 нишаста будем. Як садо тараққос шунидем, ки аввал пасту баъд баланд шуд. Ва чаппа шудем, ман аз зарб аз ҳуш рафтаам, баъд дар шаҳри Ҷиззах ба худ омадам. Ҳоло саломатиам хуб аст, ба падару модар ва дӯстону хешонам гуфтаниам, ки аз ман хавотир нашаванд, ин ҷо дар шароити хуб табобат гирифта истодаем.”

Сарбозони маҷрӯҳро рафиқонашон аз вагонҳои чаппагашта берун овардаанд. Ба онҳо дар Узбакистон ёриҳои аввалия расонида, сипас дар қатораи худ то марзи Тоҷикистон гусел кардаанд. Ҳамсуҳбатам Беҳрӯз афзуд, ки ҳоло саломатиаш хуб аст ва умед дорад, ба зудӣ ба по хоҳад хест. “Баъди сиҳат шудан, худо хоҳад, хидмати Ватанро идома медиҳем. ” – афзуд вай.

Қаблан раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфта буд, ки сарбозони осебдида дафъатан баъди овардан ба Тоҷикистон нимашаби 10-уми октябр дар бемористонҳои шаҳракҳои Спитамену Ҷаббор Расулов ва бемористонҳои вилоятиву шаҳрӣ дар Хуҷанд бистарӣ карда шудаанд. Вале чанд рӯз пеш ҳамаи 26 нафари ҷароҳатдида, ки аксари кулли онҳо ҷавонони навдаъват ба хидмати ҳарбӣ ҳастанд, барои табобат дар госпитали Чкалов сарҷамъ карда шуданд. Яке аз табибони госпитали Чкалов ба Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир аҳволи саломатии бархе сарбозон вазнин аст, вале хатаре ба ҷонашон таҳдид надорад. Вай афзуд, умедвор аст сарбозон баъди сиҳат шудан хидмати ҳарбиро бо мувафаққият идома хоҳанд дод.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми октябр президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари худ дар Суғд, бо маҷрӯҳони садамаи вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон мулоқот намуда, аз аҳволи онҳо бохабар шудаааст. Абдуфаттоҳ Шарифов, сухангӯи Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон соати 9:30 аз маҷрӯҳони садамаи қатораи Тоҷикистон дар Ҷиззахи Узбакистон, ки дар госпитали Чкалов табобат мегиранд хабар гирифт. Президент бо маҷрӯҳон суҳбат намуда, аз масъулони бемористон тақозо кардааст, ки барои зудтар табобат ёфтани онҳо ҳамаи чораҳоро бубинанд.

Қатори Душанбе-Конибодом бо 267 сарнишин, ки ҳудуди 200 нафараш наваскарон будаанд, субҳи 10 октябр, соатҳои тақрибан 10-15 дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон дучори садама шуд, ки 8 вагони ин қатора тахриб шуда, ҳудуди 45 мусофир, аз ҷумла 33 наваскари Вазорати дифоъ маҷруҳ шуд. Аксари мусофирон наваскароне будаанд, ки барои адои хидмат ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд эъзом мешуданд.

Раиси ҷумҳури ҳини аёдат аз сарбози маҷрӯҳ.

Раиси ҷумҳури ҳини аёдат аз сарбози маҷрӯҳ.

Дар ҳоле, ки Тошканд мегӯяд, ки сабабҳои садамаро ба таври якҷониба баррасӣ мекунад, ба бовари Душанбе, мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар сурати пеш омадани чунин ҳолат, онро бояд комиссияи муштарак баррасӣ намояд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҷаласаи худ вазъи садамаи вагонҳои Тоҷикистон дар мавзеъи Ҷизахи Узбакистонро баррасӣ кард ва вуҷуди куммиссиюни якҷониба аз тарафи Тошкандро рад кардааст. Қурбонхон Саидов , сардори Хадамоти бехатарии роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи субҳи душанбеи вазорати нақлиёт масъалаи садамаи вагонҳо дар Узбакистон баррасӣ шуд.

Қурбонхон Саидов вуҷуди куммиссиюни якҷонибаи Узбакистон дар мавриди таҳқиқи сабабҳои садамаи вагонҳои Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо, яъне вақте ки қатори як кишвар дар қаламрави кишвари дигар дучори садама мешавад, мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ танҳо куммиссиюни муштарак онро баррасӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки қаблан гузориш шуда буд, ки Тошканд сабабҳои садамаи қатори Тоҷикистонро худаш таҳқиқ мекунад.

Ҷаноби Саидов афзуд, ки чунин кумиссияи якҷониба вуҷуд надорад, феълан ҳайати ду кишвар дар доираи Кумиссияи муштарак дар Тошканд ба баррасии масъала ҷиддан машғул ҳастанд: «Ба таъмир фаро гирифтани 8 вагони Тоҷикистон дар доираи хулосаи ҳамин кумиссияи муштарак сурат гирифтааст, ки 6 тои он дар корхонаи вагонтаъмиркунии Тошканд ва сетои дигар дар корхонаи Самарқанд тармим шуда истодаанд,» - мегӯяд Қурбон Саидов, сардори Хадамоти бехатарии роҳи оҳани вазорати нақлиёт.

Вай афзуд, ки вақте вагонҳои Тоҷикистонро дар роҳи оҳани қаламрави Узбакистон тепловози Узбакистон мебурд ва ин ҳодиса дар қаламраи ҳамон кишвар сурат гирифтааст, ва мувофиқи меъёри байналмиллал ҷониби Узбакистон ҳам уҳдадор шудааст, ки аз ҳисоби худаш ҳам вагонҳоро таъмир кунад ва ҳамъ ҷуброни дигар зарарҳоро пардозад ва аз Тоҷикистон расман узр пурсад.

Вазорати нақлиёт ва идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мунтазири бозгашти ҳайъати Тоҷикистон аз Тошканд мебошанд ва бо бозгашти куммиссиюн натиҷаи кори он шарҳ дода хоҳанд шуд. Ин куммиссиюни вижа дар Узбакистон бояд дар зарфи 15 рӯз иллатҳои аз роҳи оҳан берун шудани 8 вагони қатори Душанбе - Конибодомро мушаххас кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG