Пайвандҳои дастрасӣ

"Асардуздӣ"-и агитатори Эмомалӣ Раҳмон дар матбуоти Украина ва Русия


Муқоисаи матни Ҳамидов ва Янукович дар Интернет

Муқоисаи матни Ҳамидов ва Янукович дар Интернет

Расонаҳои Украина ва Русия моҷарои "асардуздӣ"-и шахси боэътимоди президенти Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳомидовро дар сархати ахбори худ қарор додаанд.

Матбуоти Украина ва Русия менависад, Илҳомҷон Ҳамидов, муовини декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шахси боэътимоди номзади ҳизби ҳокими халқии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 6 ноябр дар мақолае таҳти унвони «Чаро ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам?», ки 19 октябр дар чанд расона, аз ҷумла дар "Азия Плюс" нашр шуд, айнан ҷумлаҳои президенти Украина Виктор Януковичро, ки истифода карда сарчашмаро ишора накардааст.

Гуфта мешавад, хусусан қисмати аввали ин навишта ба ҷумлаҳои барномаи пешазитихоботии Виктор Янукович («Украина барои мардум», соли 2009) ҳам аз нигоҳи ҷумлабандӣ ва ҳам идея шабоҳат дорад.

Расонаҳои Украина дар саҳифаҳои худ бо сарлавҳаҳои «Атрофиёни президенти Тоҷикистон идеяҳои Януковичро дуздидаанд» (Аргумент и Факты Украина), «Командаи президенти Тоҷикистон бо плагиат боздошт шуд» (ПолитАрена), «Ташвиқотчии президенти Тоҷикистон бо плагиати барномаи Янукович фош шуд» (Украина Криминальная) Илҳомҷон Ҳамидовро бо сирқат муттаҳам кардаанд. Расонаи русии "Лента.ру"низ таҳти унвони "Агитатори раисиҷумҳури Тоҷикистон ба қарз гирифтани идеяҳои Янукович айбдор карданд" дар ин бора як мақолаи муфассал навиштааст.

Ба навиштаи расонаҳои Украина, Илҳомҷон Ҳамидов дар мақолаи худ бо номи «Чаро ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам?» "ҷумладуздӣ" карда, танҳо калимаи «Украина»-ро бо вожаи «Тоҷикистон» иваз кардааст.

Илҳомҷон Ҳомидов шахси боэътимоди президенти Тоҷикистон буда, дар ин матлаб далелҳояш барои ҳимоят аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барчидааст, ки чаро мардум бояд ба ӯ раъй бидиҳанд. Вале дар баҳсҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, ки ӯ баъзе мазмунҳояш барои таблиғи номзадии оқои Раҳмонро аз дигарон, аз ҷумла аз барномаи пешазинтихоботии раисиҷумҳури Украина нусхабардорӣ кардааст.

Илҳомҷон Ҳамидов

Илҳомҷон Ҳамидов

Илҳомҷон Ҳамидов дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, дар ин масъала изҳори назар карданро дигар зарур намешуморад. Аммо ӯ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук таъкид кардааст, «ҳангоми овардани ҷумлаҳо аз мақолаи Виктор Янукович фаромӯш кардаам, ки нохунак гузорам.» Ӯ ба маънои узрхоҳӣ ишора кардааст, ки ҷавон аст ва «ҷавонон умдатан ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.» Ӯ ҳамин тавр, дар як шарҳи қаблиаш ба хабаргузории Tojnews исрор варзида буд, ки ин амали ӯ на сирқат, балки танҳо мазмун бурдан буд ва "дар таҷрибаи илми сиёсатшиносӣ аз ном ва матни нафарони муваффақ сухан кардан ҳамеша таҷриба шудааст."
.

Ҳар номзад ба интихоботи президентии Тоҷикистон 15 шахси боэътимод дорад. Як рӯз пеш шахси дигари боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруф Гулназар Келдӣ бо дархсоти худи президенти кунунӣ аз рӯйхати шахсони боэътимодаш берун оварда шуд. Гулназар Келдӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ин тасмим бо хоҳиши худаш сурат гирифтааст, зерот ба иллати даргузашти келиин 22-солааш наметавонад дар ташвиқи Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кунад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Барои ширкат дар ин маърака 6 номзад сабти ном шудаанд, вале нозирони умур мегӯянд, ҳамаи номзадҳо дар асл аз як ҷиноҳи тарафдорони ҳукмати феълӣ намояндагӣ мекунанд ва ба ин далел, интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пирӯзии осони Эмомалӣ Раҳмон тамом хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG