Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон: Санҷиши соҳибкорон гарону мураккаб аст


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя, коҳиши санҷиши соҳибкорон ва шумораи ниҳодҳои тафтишотиро зарур медонад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр зимни ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар кишвар то ҳол санҷиши субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла барои соҳибкорон мураккаб ва гарон боқӣ мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки санҷишҳо бояд бо мақомоти пешбарандаи сиёсат дар соҳаи соҳибкорӣ мувофиқа шавад ва дигар ҷанбаҳои санҷиш, аз ҷумла муҳлати огаҳӣ оид ба гузаронидани санҷиш, давомнокии он бояд тартиби муайян гирад. Инчунин кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири санҷиш, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба инобат гирифта шавад. Ба бовари Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми санҷиши фаъолияти соҳибкорон, барои аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таконе хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки бахши хусусӣ дар Тоҷикистон санҷишҳо ва дахолати ниҳодҳои давлатиро сарчашмаи асосии мушкилот арзёбӣ мекунанд.

Имсол созмони молиявии байналмилалӣ, яке аз зерсохторҳои Бонки ҷаҳонӣ дар натиҷаи омӯзиши муҳити соҳибкории Тоҷикистон муайян кардаст, ки мушкилоти асосии бахши хусусӣ дар кишвар ба дахолати ниҳодҳои давлатӣ рабт доранд. Инро ҳам корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ якмаром тасдиқ кардаанд.

Таҳиягарони омӯзиш ба хулоса омадаанд, ки дар Тоҷикистон бояд модели муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони бахши хусусӣ нав гардад. Аз модели мавҷуда, ки ниҳодҳои давлатӣ ба назорати меъёрҳои гуногун машғуланд, зарур аст, ки ба намояндагони бахши хусусӣ ҳамчун ба муштарӣ муносибат намоянду розигии муштарӣ сармашқи корашон бошад.
XS
SM
MD
LG