Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон гуфт, ҷаҳон аз кайҳон гап мезанад, мо - аз андозаи риш


Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд (акс аз сомонаи president.tj)
Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд (акс аз сомонаи president.tj)

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни сафари худ ба вилояти Суғд гуфтааст, ки ин сафари корӣ аст ва рабте ба интихоботи президентии моҳи ноябр надорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 20 июн дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бо фаъолони ин вилоят дидору мулоқот анҷом дод ва вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол, ба хусус дар чанд соли ахирро ба баррасӣ гирифт.


Суханронии ниҳоии Э.Раҳмон дар Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим


Баъди суханронии раисиҷумҳур, Баҳриддин Аҳмадов, собиқалдор, шаҳрванди фахрии Хуҷанд ва фарде, ки соли 1992 раиси дастгоҳи вилояти Суғдро бар душ дошт, изҳор кард, ки "мо дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дорем ва мо шуморо ҳатман дастгирӣ мекунем".

Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар посух гуфтааст, "сафари ман ба вилояти Суғд боздиди корӣ аст ва ба интихобот бастагӣ надорад."

Як хонуми собиқадори дигар аз ноҳияи Мастчоҳ, бо номи Ёқубова, ки ҳоло раёсати Шурои ветаранҳои ин ноҳияро бар душ доштааст, аз корномаҳои президенти Тоҷикистон тамҷид карда ва умедворӣ намудааст, ки "доимо раҳбари мо бошед!"

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло тарҳи бозсозии роҳи мошингарди Хуҷанд – Исфара рӯи дасти ҳукумат қарор дорад ва бо дарёфти сармоя соли оянда бунёди он оғоз хоҳад ёфт. Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар ҳоли ҳозир 226 ҳазор сокини Суғд дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва фароҳам намудани ҷойҳои корӣ барои онҳо аз вазифаҳои аслии ҳукумат аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар канори вазъи иқтисодӣ ва иҷтимомии кишвар аз равандҳои номатлуб дар ҷомеа, ба хусус ҷинояткорӣ ва гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ изҳори нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, давоми беш аз 10 сол дар вилояти Суғд 130 раҳбар ва узви фаъоли ҳаракати пинҳонкори Ҳизб- ут – таҳрир боздошт шудаанд. Ҳамчунин дар 4 соли охир дар минтақа 8 ҷинояти махсусан вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ содир шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба ин ки шумораи масҷидҳои Суғд аз 3 адади давраи шӯравӣ ҳоло ба 1048 расидааст, гуфт, ҳоло барои сокинони Тоҷикистон озодиҳои мазҳабӣ фароҳам аст, аммо дар ҳоле ки кишварҳои пешрафта дар фикри фатҳи кайҳонанд, дар ҷомеаи Тоҷикистон бархеро ҳанӯз ҳам баҳсу талошҳо сари масъалаҳои ҷузъӣ, мисли андозаи риш, машғул медорад.

Эмомалӣ Раҳмон аз 18 июн бо сафаре дар вилояти Суғд қарор дорад.

Оқои Раҳмон аз поёни соли 1992, инак 21 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Дар пешорӯи интихоботи имсола чанд гурӯҳи мухолифин аз ӯ хостаанд, ки ба хотири таъмини як интихоботи озоду демократӣ номзадии худро нагузорад.Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳанӯз соли гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи ноябри соли 2013 боз ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ хоҳад кард. Аммо худи ӯ дар моҳи апрел дар Брюссел гуфта буд, ки ҳанӯз дар мавриди ширкаташ дар интихоботи имсола тасмим нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG