Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "СПАД барои пешгирӣ аз ҳар навъ таҳдид омодааст" (ВИДЕО)


Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти вазирони дифои СПАД. Душанбе. 4 июн

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти вазирони дифои СПАД. Душанбе. 4 июн

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро яке аз созмонҳои нерӯманди дунё тавсиф кард ва гуфт, ки СПАД барои ҷилавгирӣ аз ҳар навъ таҳдидҳо омодааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 4 июн дар мулоқот бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё СПАД гуфт, ин созмон дар ҳоли ҳозир яке аз қудратмандтаринҳо дар дунё буда ва омодаи пешгирии ҳар гуна таҳдиду хатарҳост. Дар ин мулоқот масоили ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии кишварҳои узви СПАД мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба унвони раиси даврии СПАД гуфтааст, "фаъолияти Шӯрои вазирони дифои ин созмон ҳамеша мавриди дастгирии сарони давлатҳо қарор дорад ва мо аз сохторҳои дифоӣ кори бештар сайқалёфтаю ҳамоҳангшударо барои таҳкими амнияту суботи кишварҳоямон мунтазирем."

Ба дунболи мулоқоти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки дар "Қасри Миллат" баргузор шуд, ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ин паймон дар толори кохи "Сомон”, воқеъ дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СПАД ба раёсати Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва бо ширкати ҳамтоёнаш аз Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз шуд. Вазири дифои Тоҷикистон дар суханронии худ аз вазъи Афғонистон ба шиддат изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, "дар чунин вазъ ҳамкории густарда ва амиқи кишварҳои узви СПАД пураҳамият аст, то аз ҳар навъ хатару таҳдидҳо ҷилавгирӣ карда шавад."

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ноороми Афғонистон ва хатари тероризм ва ифротгароӣ, вазири дифои Тоҷикистон таъкид кардааст, "Тоҷикистон дар раёсаташ дар СПАД ба масъалаи таъмини суботу амният дар Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ менамояд ва онро аз масъалаҳои муҳими даври фаъолияташ дар ин созмон медонад."

Баррасии даҳ масъалаи марбут ба фаъолияти шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СПАД, густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ – фаннӣ миёни кишварҳои узв, натиҷаҳои размоиши ногаҳонии нерӯҳои вокуниши сареи ин эътилофи ҳарбӣ, ки аз 12 то 22-юми май дар Тоҷикистон, исломӣ таъмини суботи амният дар фазои СПАД, вазъи амниятии Осиёи Марказӣ, таъмини субот дар Афғонистон ва хатари гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ба хусус созмони "Давлати исломӣ" дар минтақа аз мавзӯъҳои асосии нишасти вазирони дифои СПАД унвон мешавад.

Интизор меравад, натоиҷи ин нишаст дар як нишасти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорони расонаҳои дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Ҳамчунин қарор аст, мулоқоти дуҷониба миёни вазирони дифои кишварҳои узви СПАД сурат бигирад.

Дар ин робита дидору гуфтугӯи Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу, вазирони дифои Тоҷикистон ва Русия низ дар назар аст ва ҳатто дар поёни ин музокирот, санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар арсаи низомӣ ва низомӣ-фаннӣ ба имзо мерасад.

Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви Созмони паймони Амнияти Дастҷамъиянд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG