Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон як бинои 15-табақа фурӯ рехт


Субҳи панҷшанбеи 19 январ дар пайи оташсӯзӣ дар бинои "Пласко"-и шаҳри Теҳрон, ин бино ба таври комил фурӯ рехтааст. То ба ҳол маълум нест, фурӯ рафтани ин бинои 15-ошёна талафоти ҷонӣ дар пай доштааст ё на. Қабл аз фурӯ рехтани ин бино, мақомот гуфта буданд, ки 25 нафар дар ин бино бар асари оташсӯзӣ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории эронии ИСНА, бо вуҷуди пешгирӣ аз оташсӯзӣ дар бинои "Пласко", ин сохтмон ба таври ногаҳонӣ фурӯ рехтааст. Дар вақти фурӯ нишондани оташ, шумораи зиёде аз оташнишонҳо дар он ҳузур доштанд. Ҳанӯз шумораи захмиҳо ва кушташудагони эҳтимолии ин ҳодиса эълом нашудааст. Маъмурони пулис маҳали ҳодиса ва атрофи онро бастаанд.

"Пласко" 15-ошёна буда ва нахустин бинои баландошёна ба шумор меравад, ки дар солҳои 60-уми қарни гузашта дар шаҳри Теҳрон сохта шудааст. Ин бино дорои маркази савдо ва либосфурӯшиҳо будааст.

XS
SM
MD
LG