Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: "Бозгашти Бозор Собир ба интихобот рабте надорад"(ВИДЕО)


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шоир Бозор Собир.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шоир Бозор Собир.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бозгашти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ рабт надорад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30-юми май дар ҳошияи пазироии Бозор Собир аз сӯи раисиҷумҳур, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ва ББС гуфт, расонаҳои Тоҷикистон аз бозгашти шоир Бозор Собир «ҳангомае» оростанд, ки воқеият надорад: «Гуфтугузорҳо дар бораи он ки Бозор Собир маҳз дар соли интихоботи президент даъват шуда ва дар ин ғаразҳо вуҷуд дорад, асос надорад. Дар 10 соли ахир ҷаноби олӣ борҳо талош кард, то Бозор Собир ба ватан бозгардад.”





Ин нукта дар мулоқоти раисиҷумҳур ва шоир низ батакрор садод дод. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот гуфт, ки ҳанӯз солҳои 90-ум бо воситаи вазири вақти корҳои хориҷӣ шоирро барои бозгашт ба ватан даъват карда буд :
«Мо аз рӯзҳои аввал, дар хотиратон бошад, вақте дар Маскав будед, бо воситаи Талбак Назаров чанд бор бо шумо вохӯрда, кӯшиш кардем ки ба ватан баргардед. Мо Шуморо дӯст медорем ва доимо дар ёдамон ҳастед.»

Бозор Собир низ дар посух гуфт: "Солҳои бисёре гузашт ва ман фикр кардам, ки фаромӯш шудам. Вале шумо бо ин қадар серкорӣ ки фикри моро кардед, ман бисёр миннатдорам, ташаккур!»

Ба таъкиди Абдуфаттоҳ Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали раҳбариаш шиори баргардонидани муҳоҷирони тоҷик ба Ватанро пеш гирифта буд ва бозгашти шоир Бозор Собир ҳам дар чорчӯби ҳамин барнома аст. Сухангӯи раисиҷумҳур таъкид кард, ки бозгашти Бозори Собир ба интихоботи президентӣ рабте надорад, чунки қаблан ҳам борҳо аз Бозор Собир даъват шуда буд, то ба Ватан баргардад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозори Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт. Баъди мулоқот бо президент, Бозори Собир гуфт, ки “сӯҳбати мо сӯҳбати ду фарзанди як хонавода ва сӯҳбати дӯстонаву бародарона” буд.



Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки чанд бори дигар тариқи намояндаи Тоҷикистон дар СММ аз Бозор Собир хоҳиш кардем, то ба ватани худ бозпас биоянд, аммо ин дафъа даъвати моро пазируфтанд. Бозори Собир ба унвони армуғон як китоби худро ба раисиҷумҳур тақдим кардааст. Пас чанд лаҳзаи ин радду бадал мулоқот бе ширкати харбнигорон давом кард ва сипас раисҷумҳур толору утоқҳои Қасри миллатро ба Бозор Собир намоиш дод.

Баъд аз он шоир дар ру барӯи хабарнигорон қарор гирифт ва ба саволҳои эшон посух гуфт: «Ман дар ким-куҷои Амрико зиндагӣ мекунам ва маро раисҷумҳур тариқи намояндаҳо ва телефон суроғ мекард. Ин дафъа бошад сафири Тоҷикистон бевосита ба хона омада, даъватномаи бевоситаи президентро ба ман супурд ва ман ба дилу ҷон пазируфтам. Ҳоло бо президент як мулоқоти олиҷаноби дӯстона доштем. Мо бегона нестем, чун аъзои як оила бо ҳам вохӯрдем».

Бозор Собир гуфт, ки воқеан Талбак Назаров ӯро ба ватан хонда буд аммо вай ин даъватро рад кард, чун вазъи сиёсӣ мусоид набуд ва бозгаштан ба гуфтаи шоир бармаҳал буд. Аммо барои бисёриҳо ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст, ки чаро шоир, пас аз 19 соли мусофират ва эълони қаблияш, ки дигар ба ватан барнамегардад,ба даъвати навбатии раисиҷумҳур посухи мусбат дод.

Дар ҳамин ҳол Абдуфаттоҳ Шарифзода , сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ишора кард, ки агар Бозор Собир дар Тоҷикистон ба манзили зист ниёз дошта бошад, муҳайё сохтани он имрӯз барои ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле надорад.

Бозори Собир баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "инки дар ин 20 сол аз мадди назари ҳукумат дур нашудам, бароям ифтихор аст." Ӯ аз ҳукумат барои даъваташ ба ватан изҳори сипос кард ва гуфт, ин даъвати расмӣ эътибори ин сафари ӯро боло мебарад.

Бозори Собир, шоири шинохтаи тоҷик, шоми душанбеи 27 май ба Тоҷикистон баргашт. Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, баъди берун шуданаш аз фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ ҳар бор худаш меомад, вале ин бор бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргаштааст. Бозори Собир ҳамчунин гуфт, ки фикр мекунад, ин дафъа барои доим омадааст.

Ҳамин тавр, бори аввал гурӯҳҳои наворбардори телевизионҳои давлатӣ низ барои наворгирӣ аз бозгашти шоир дар фурудгоҳ қарор доштанд. Иттифоқоте ки дар сафарҳои қаблии шоир ба Душанбе мушоҳида нашудааст.

Бозори Собир аз соли 1994 дар Сиэтлли Амрико ба сар мебурд. Мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Амрико чанд моҳ боз талош доштанд шоири 74-солаи тоҷикро барои доим ба ватан баргардонанд.

Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.


Бозори Собир дар рӯзи бозгашташ дар фурудгоҳи Душанбе

Бозори Собир дар рӯзи бозгашташ дар фурудгоҳи Душанбе

Намояндагии Тоҷикистон дар СММ чанд моҳ боз бо Бозор Собир ва пайвандонаш дар Амрико шароити бозгашти ӯ ба Душанберо музокира мекард. Қаблан як идда аз шахсиятҳои саршинос аз мақомоти давлатии Тоҷикистон хоста буданд, ки ин шоири шинохтаро ба ҳар қимате ба ватан баргардонанд.

Аммо бозгашти Бозори Собир дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро бархе як қартаи дигари пешазинтихоботии ҳукумат низ маънидод мекунанд. Худи Бозор Собир шоми 27 май дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо хабарнигорон инро ба гунае эътироф ҳам кард ва гуфт, аз ҳизби зиёд дар Тоҷикистон зарар аст, то фоида ва ба назари ӯ, дар чунин шароит зиёиён бояд дар атрофи раисиҷумҳур муттаҳид шавад. Бозор Собир гуфт, як сабаби пазируфтани даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашт ба ватан ҳамин буд. Вале афзуд, сабаби дигараш синни ӯст, ки ришаш ҳам сафед шудааст ва мурдан дар мусофират, ба гуфтаи шоир, хеле гарон ҳа дар Амрико, барои мисол, то 10 000 доллар мехоҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG