Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон ба доктор Абдуллоҳ: Тоҷикистон хонаи дувуми Шумост


Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ -- раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон субот дар марзи ду кишвар ва мубориза алайҳи ифротгароиро баҳс кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ -- раҳбари иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла субот дар марз ва мубориза бо терроризму ифротгароиро баррасӣ кардааст. Оқои Раҳмон гуфтааст, Душанбе ҳамеша тарафдори ҳамкорӣ бо Кобул буду ҳаст ва хоҳад монд. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сафари дурӯза дар раъси як ҳайати баландпояи Афғонистон дар Душабе қарор дорад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон хитоб ба доктор Абдуллоҳ гуфтааст, "Тоҷикистон хонаи дувуми Шумост" ва афзудааст, "кӯшиш мекунем, муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари Шумо алоқамандии хос дорем."

Ин нахустин сафари хориҷии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз замони раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон шудани ӯст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи фаъол шудани хатти барқи 220 - киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар, CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ сӯҳбат кардаанд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, шоми якшанбе вориди Тоҷикистон шуд ва субҳи рӯзи душанбе ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик, дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт. Дар ин маросим доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро муовини нахуствазири кишвар Давлатӣ Саидзода ҳамроҳӣ намудааст.

Яке аз ҳадафҳои сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон иштирок дар ҳамоиши байнулмилалии "Об барои ҳаёт" гуфта мешавад. Вале Ҷовид Файсал -- муовини сухангӯи раёсати иҷроияи ҳукумати Афғонистон гуфт, ки доктор Абдуллоҳ дар мулоқоти худ бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳдидҳои тоза дар минтақаро баҳс хоҳад кард. Ба қавли ӯ, раиси иҷроияи ҳукуматив аҳдати миллӣ, инчунин, дар хусуси мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Кобулу Душанбе гуфтугӯ анҷом медодааст.

Оқои Файсал афзуд, “ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза алайҳи терроризми ҷаҳонӣ, терроризми минтақаӣ ва мубориза алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир, ҳамкориҳо дар бахши интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва мавридҳои дигар ҳам ҳастанд, ки раиси иҷроия бо мақомоти Тоҷикистон рӯи он дар ин сафараш суҳбат мекунад.” Муовини сухангӯи раёсати иҷроияи ҳукумати Афғонистон изофа кард, дар ҷараёни боздиди Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Тоҷикистон созишномаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ҳам ба имзо мерасанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳоле қарор аст дар мавриди таҳдидҳои тоза дар Афғонистон ва минтақа бо мақомҳои Тоҷикистон сӯҳбат кунад, ки Шоҳ Валиуллоҳ Адиб - сарпарасти вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ мекунад, шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо тундравони мусаллаҳ дар он сӯи Омӯ пайвастаанд. Оқои Адиб дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт, “теъдоде аз тоҷикон дар Хустанг дар ҷанг ҳастанд ва дар вулусволии Роғистон низ мавҷуданд.”

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои дохилии Афғонистон низ гуфтааст, чолишҳои тозаи амниятӣ дар Афғонистон ва минтақа водор мекунад, то кишварҳои узви Созмонҳои Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳамкориҳои худро дар заминаи мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта густариш дода ва талошҳояшонро дар ин росто ташдид бахшанд. Вазорати дохилии Афғонистон мегӯяд, Нурулҳақ Улумӣ ин масъаларо ба тозагӣ дар нишасти давраии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе иброз доштааст.

Аз сӯи дигар, Муҳаммадназир Аҳмадзай, муовини раиси Вулуси Ҷирга аз кишварҳои минтақа ва ҳамсояҳои Афғонистон хостааст, бо Кобул дар мубориза бо таҳдидҳои тоза ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфтааст, “ДОИШ мавзӯи байнулмилалист ва ин хатарҳо ба кишварҳои ҳамсоя ҳам таҳдид мекунад. Ин танҳо вазифаи Афғонистон нест. Кишварҳое мисли Русия, Чин, Ҳинд ва ҳатто Эрон бояд бо мо ҳамкорӣ кунанд.”

Мушовири амнияти миллии Афғонистон ҳам ахиран гуфт, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” алоқамандии хос ба Афғонистон дорад. Муҳаммад Ҳаниф афзуд, “ДОИШ мехоҳад, то аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна таҳдид эҷод намояд”. Бо ин ҳол, мақомҳои афғон мегӯянд, ки Кобул иқдомотеро дар броабари ин гурӯҳ рӯи даст гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG