Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Э.Раҳмон аз пуштибонии СММ дар масоили об


Эмомалӣ Раҳмон аз СММ барои пуштибонӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар масоили об ва мусоидати онҳо дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ташаккур кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ин созмон барои пуштибонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили обӣ ва ҳамчунин барои мусоидати ниҳодҳои мухталифи СММ дар рафъи оқибатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, изҳори сипос кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бан Ки Мун рӯзи 27 сентябр дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Аз ҷониби худ, дабири кулли СММ аз Эмомалӣ Раҳмон аз натоиҷи мусбати иҷрои Барномаи 10-солаи “Амалиёти байналмилалӣ барои об”, ки бо пешниҳоди давлати Тоҷикистон ва аз ҷониби СММ роҳандозӣ шуда буд, ибрози сипос кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бан Кӣ Мун ҳамчунин масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, мавориди зиёди ҳаводиси табиӣ, бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, энержӣ ва зуҳуроти терроризму бунёдгароиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Милал натиҷаҳои хуб дода, дар даҳсолаи ахир ба коҳиши мунтазами сатҳи камбизоатӣ, сабаб шудааст. Инчунин, Тоҷикистон ба таъмини пурраи таълими ҳамагонаи ибтидоӣ ноил гашта, дар кишвар маргу модар ду баробар коҳиш ёфтааст ва бемории вараҷа (малярия) комилан аз байн бурда шудааст.

Дар дидори Дабири кулли СММ ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, масоили амнияти минтақа, бахусус, вазъияти Афғонистон, татбиқи тарҳҳои стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла, сохтмони роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ матраҳ шудааст.

Зимнан, дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ба Ки Мун дар ҳошияи Ҳамоиши сатҳи олии ҷашнии 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк баргузор шудааст. Дар назар аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кунад.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин ҳамоиш бо Марк Рутте, нахуствазири Шоҳигарии Нидерланд дидор ва масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин ду кишварро баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG