Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти А.Абдуллоҳ ва Э.Раҳмон дар пайи суқути Кундуз ба дасти Толибон


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар ҳоле сурат гирифт, ки шаҳри Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба дасти Толибон афтодааст.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ масоили амниятӣ ва бахусус, таъмини сулҳу субот дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон матраҳ шудааст. Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи 28 сентябр дар ҳошияи ҳамоиши ҷашнии 70-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шудааст.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба таъмини амнияти марз, муборизаи муштарак алайҳи терроризму бунёдгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоле вазъияти амниятӣ дар марзи муштараки миёни ин ду кишварро матраҳ карданд, ки вазъияти амниятӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистони шимоли Афғонистон шиддат ёфтааст.

Рӯзи гузашта нерӯҳои Толибон бо як ҳамлаи ғофилгир шаҳри Кундуз, воқеъ дар наздики марзи Тоҷикистонро ба тасарруфи худ дароварданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вуруди афроди гурӯҳи Толибон ба шаҳри Кундуз ва боло шудани парчами Толибон дар ин шаҳр тасовире мунташир шудааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ, нерӯҳои давлати Афғонистон ба самти фурудгоҳи шаҳри Кундуз ақибнишинӣ кардаанд.

Зимнан, вилояти Кундузи Афғонистон бо навоҳии Шаҳртус, Қумсангир ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз буда ва марзи ин ду кишвар аз тариқи дарёи Ому мегузарад. Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз воқеъ аст ва бору коло аз Покистону Афғонистон ва ҳамин тавр аз тариқи баҳр умдатан аз ҳамин гузаргоҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Қаблан, мақомоти ниҳодҳои амниятию интизомии Афғонистон аз ҳузури густардаи афроди гурӯҳи Толибон дар ин манотиқ хабар дода ва гуфта буданд, ки дар суфуфи гурӯҳи Толибон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон низ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Абдулло ибрози умедворӣ кардаанд, ки бо мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон сулҳу субот истиқрор хоҳад ёфт. Дар ин дидор раванди иҷрои тарҳи минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва хатти баландшиддати мавсум ба CASA-1000 аз Тоҷикистон Қирғизистон ба Афғонистону Покистон матраҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG