Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон бо НАТО вазъи Афғонистонро баҳс мекунад


Мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен дар моҳи сентябри соли 2010-ум

Мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен дар моҳи сентябри соли 2010-ум

Дар вохӯриҳои президенти Тоҷикистон бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбе дар қароргоҳи марказии паймони НАТО дар шаҳри Брусел бо дабири кулли ин созмон Андерс Фог Расмуссен вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Рӯзи сешанбе як дипломати паймони НАТО, ки нахост номаш ошкор шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқоти дабири кулли паймони НАТО бо президенти Тоҷикистон вазъи Афғонистон, дурнамои ин кишвар баъди беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014-ум ва имконоти транзити лавозимоти низомии кишварҳои узви НАТО тавассути Тоҷикистон баҳс хоҳад шуд.

Дипломати НАТО ба Радиои Озодӣ илова кард, аз эҳтимол дур нест, ки дар мулоқоти рӯзи чоршанбе Расмуссен нақши муҳими Тоҷикистон дар амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистонро бори дигар қадрдонӣ намояд.

Паймони НАТО дар пайи таҳкими равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон аст. Соли 2004-ум дар мулоқоти сарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Истанбул таъкид шуда буд, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъалаи авлавиятноки паймони НАТО мебошад, зеро ин минтақа барои амнияти стратегии паймони Атлантики Шимолӣ аҳамияти бузург дошта, ҳар яке аз панҷ кишвари минтақа метавонанд ба вазъи Афғонистон таъсири мусбат гузоранд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону НАТО асосан дар чорчӯби барномаи “Мушорикат баҳри сулҳ” амалӣ мешаванд.

Дар рӯзи аввали боздид аз Белгия президенти Тоҷикистон бо Кэтрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ намуд. Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Кэтрин Эштон, масоили ҳамкориҳои мухталифи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 9 апрел ба "Озодӣ" гуфт, сафари президенти Тоҷикистон дар Белгия тайи ду рӯзи оянда идома хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Белгия ва ҳамчунин раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс дидору гуфтушунид хоҳад дошт.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Белгия бо даъвати ҷониби Белгия анҷом мешавад. Ҳанӯз моҳи майи соли гузашта муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс дар боздиде аз Душанбе, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Белгия даъват намуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари Белгия вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, ҳамроҳӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG