Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ва чаро дискҳои президент Раҳмонро ба фурӯш баровард?


Корхонаи давлатии "Тоҷиккино" як силсила филмҳои ҳуҷҷатии марбут ба фаъолияти президент Раҳмонро нашр ва ба дӯконҳои фиттафурушӣ тақсим кардааст.

Ин бастаи филмҳои ҳуҷҷатӣ аз 27 диски алоҳида иборат буда, ба кору фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, сар аз соли 1992 то имрӯз, бахшида шудааст. Ҳар филм як соли фаъолияти президентро ёдовар шуда, чандеи дигар ба мавзӯъҳои муайян ихтисос ёфтаанд.

Наворҳои иловагӣ "Эмомалӣ Раҳмон ва амнияти озуқаворӣ", "Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти энергетикӣ" ва монанди ин ном доранд. Гуфта мешавад, бахше аз ин филмҳо ба вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо дода шудаанд.

Аммо ба гуфтаи соҳибони дӯконҳои фиттафурӯшии Душанбе, корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиккино" ин бастаи филмҳои ҳуҷҷатиро барои фурӯш ба онҳо низ додааст. Насим Зокиров, молики як дӯкони фиттаву сидифурӯшии Душанбе, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: "Кормандони "Тоҷиккино" омаданд ва ин дискҳои Президентро ба мо доданд, ки фурӯшед. Як бастааш 27 диск дорад ва нархаш 270 сомонист. Мо маҷбур будем, ки ин дискҳоро харем, чунки фаъолияти моро ҳамин ниҳод назорат мекунад. Лекин онҳо пули ин дискҳоро қаблан аз мо гирифта рафтанд, вале харидорон майли харидории онро надоранд."

Ба гуфтаи ин дӯкондор, корхонаи "Тоҷиккино" ҳар як дискро ба қимати 7 сомонӣ ба онҳо фурӯхтааст ва онҳо диксҳоро 10 сомонӣ мефурӯшанд. Аз даҳ дӯкони дискфурушие, ки мо дидан кардем ва онҳо низ ин гуна бастаи дискҳоро аз «Тоҷиккино» гирифтаанд, танҳо дар ду фурӯшгоҳ тасдиқ карданд, ки қисме аз ин дискҳоро фурӯхтаанд ва харидорон низ асосан афроди давлатӣ будаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти "Тоҷиккино" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ширкат воқеан чунин дискҳоро нашр кардааст, вале ин иқдомро бо дархосту хоҳиши вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои алоҳидаи давлатӣ анҷом дод. Як мақоми баландпояи ин ниҳод гуфт, "мо ин дискҳоро бо филмҳои ҳуҷҷатӣ дар бораи президент бо дархости вазоратҳо истеҳсол кардем. Масалан, як вазорат 2 баста, вазорати дигар 5 бастаи ин филмҳои ҳуҷҷатиро харидорӣ карданд. Ҳатто донишгоҳҳо низ ин дикскҳоро хариданд. Лекин ин дискҳоро мо ба ягон дӯкон надодаем ва ин чизе нест, ки дар фурӯши озод гузошта шавад."

Ин мусоҳиби мо афзуд, нархи як бастаи филмҳои ҳуҷаттӣ, ки аз 28 ҷилд иборат аст, аслан 180 сомонист. Аммо ӯ илова кард, намедонад, чӣ тавр ин дискҳо то ба дӯконҳои фиттафурӯшӣ расидаанд ва кормандони "Тоҷиккино" низ ҳеҷ дӯкондорро ба фурӯши ин филмҳо маҷбур накардаанд. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ ба мо гуфтанд, агар ин дискҳо ройгон паҳн карда мешуданд, онҳо шояд бархеро мегирифтанд. Вале харидани филмҳои ҳуҷҷатиеро, ки бе ин ҳам ҳар рӯз аз тариқи шабакаҳои давлатӣ намоиш дода мешаванд ва он ҳам дар ивази 10 сомонӣ, мантиқӣ намедонанд.

Содиқ Самиев, як ҷавони тоҷик, дар сӯҳбат бо мо гуфт, одатан аз дӯконҳои дискфурӯшӣ филмҳои ҳуҷҷатии илмӣ ва дигар барномаю абзорҳои компютерро харидорӣ мекунад, ки як чизи наве омӯзад: "Аммо ин филмҳои ҳуҷҷатие, ки дар ин дискҳо сабт шудааст, ҳар рӯз аз тариқи чор шабакаи давлатӣ ба такрор нишон дода мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми расонаҳои чопии давлатӣ суханрониҳою вохӯриҳои президентро бо тамоми тафсилоташ нашр мекунад. Боз чӣ ҳоҷати харидорӣ ва тамошои ин дискҳо?"

Бояд гуфт, филмҳои ҳуҷҷатие, ки вориди ин баста шудаанд, ҳамагӣ аз ҷониби кормандони Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ омода карда шуда, дар арафаи ҷашну маъракаҳои ҷумҳуриявӣ борҳо нишон дода шудааст. Суолҳое, ки беҷавоб мемонанд, инҳоянд, ки оё ҳадаф аз фурӯши дискҳои президентӣ даромад аст ё таблиғи иловагӣ ва кӣ ин филмҳоро ба фурӯш баровардааст, агар “Тоҷиккино” даст доштанаш дар ин қазияро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG