Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Файзобод: “Барканории Каримиён ба фоҷеаи Яккабед рабт надорад”


Мақомоти Файзобод мегӯянд, ки барканории раиси ин ноҳия Имомназари Каримиён аз симаташ рабте ба фоҷиаи ҳафтаи гузашта дар Яккабед, ки боиси ҳалокати даҳ нафар шуд, надорад.

Ҳукумати ноҳияи Файзобод овозаҳоро дар бораи барканор шудани раиси ноҳия Имомназари Каримиён бо сабаби ҳодисаи маргбори деҳаи Яккабед рад кард. Ба гуфтаи муовини раиси ин ноҳия, барканории Имомназари Каримиён ба бемории ӯ рабт дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тайи як фармон раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримиёнро аз мақомаш барканор кард ва раиси шаҳри Норак Миралӣ Раҷабзодаро иҷрокунандаи раиси ноҳия таъйин намуд.

Зиёрат Акрамзода, муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Файзобод рӯзи 9 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи фоҷеъабори деҳаи Яккабед як офати табиӣ буд ва ҳеҷ кас намедонист баъди чанд лаҳза ин воқеаи мудҳиш сар мезанад ва аз ин рӯ, ин ҳодиса ба барканории Имомназар Каримиён рабт надорад. Вай гуфт, Имомназари Каримиён чанде пеш ҷарроҳии қалбро аз сар гузаронида буд ва ба иллати беморӣ, аз вазифааш рафтааст.

Вай гуфт, вақте дар деҳаи Яккабед ярч фаромад ва 10 нафар зери хок монданд, ҳукумати ноҳия бо роҳбарии Имоманазар Каримиён сари вақт ба ҷои ҳодиса рафт ва ду трактори Т 75 -ро бурд ва то ҷои ҳодиса роҳ кушод ва ба ҷустуҷӯи зерихокмондагон оғоз кард. Ба гуфтаи вай, ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса ҳам сари вақт кӯмакҳои расонида шуд.

Бархе аз сокинони пойтахт бар ин боваранд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Файзободро бинобар сари вақт ба кӯмаки мардуми Яккабед нарасидани мақомоти ноҳия, ки ба марги 10 нафар анҷомид, барканор кардааст.

Онҳо мегӯянд, дар фармонҳои дигар, ки имрӯз нашр шуд, сабаби аз вазифа рафтани раисони дигар навоҳӣ зикр шудааст, ки бархе аз онҳо бинобар ба вазифаи дигар гузаштан ва ё ба сини нафақа расидан, барканор шудаанд, аммо дар мавриди Имомназари Каримиён ҳеҷ нуктае зикр нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3 апрел баъд аз расонаӣ шудани хабари дар зери ярч мондани даҳ сокини Файзобод, барои имдод ба осебдидагон дар раъси Азим Иброҳим, муовини нахуствазир комиссияи ҳукуматӣ таъсис дод. Оқои Раҳмон худи ҳамон рӯз бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён телефонӣ сӯҳбат кард ва ба ӯ дастур дод, ки ба зарардидагон кӯмакҳои фаврӣ расонанд.

XS
SM
MD
LG