Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ мекунад


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлил аз 22-юмин солгарди қабули Қонуни асосӣ гуфт, ки Тоҷикистон бар пояи ин санад ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ мекунад. Оқои Раҳмон дар як паёми телевизионӣ аз вазъи, ба қавли ӯ, мураккаби ҷаҳон ҳам ҳушдор дод ва гуфт, ки ин вазъият водор мекунад, то сокинон ба қадри оромӣ расанд. Қонуни асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳат эълон гардидааст. Ба сабаби онки имсол рӯзи Конститутсия ба якшанбе рост омад, сокинони кишвар рӯзи душанбе, яъне 7 ноябр низ истироҳат хоҳанд дошт.

Бар асоси тағйироти ахири тасвибшуда ба Қонуни асосӣ, таъсиси аҳзоби сиёсии мазҳабӣ низ дар Тоҷикистон қонунан манъ шуд.

"Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои риояи меъёрҳои Конститутсия... ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар­ҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд. Зеро дар шароити пуртаззоди дунёи имрӯза... мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем... заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишвар тақвият бахшем", - таъкид кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Қонуни асосии Тоҷикистон бо иродаи мардум қабул шудааст ва дар ин ҳуҷҷат, ба қавли ӯ, "суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс­тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик­ инъикос ёфтаанд". Вай афзуд, "мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат­парвар мебошад."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин паёмаш аз раъйпурсии моҳи майи имсол барои ислоҳи Қонуни асосӣ ҳам ёдоварӣ кард ва натиҷаи референдумро “фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ”-и сокинон номид.

Ризояти Додгоҳи конститутсионӣ барои баргузории референдуми моҳи майи 2016

Ризояти Додгоҳи конститутсионӣ барои баргузории референдуми моҳи майи 2016

Мавзӯи тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи январи имсол дар порлумон баҳс шуда ва баъдан рӯзи 22 май бо раъйдиҳии сокинон анҷом ёфт. Ин тарҳи ислоҳот пеш аз онки ба дасти мардум бирасад, ба Додгоҳи конститутсионӣ низ рафта ва ин ниҳоди ҳуқуқӣ ризояташро барои раъйпурсӣ дода буд.

Ин тағйиру иловаҳо дар назари аввал бештар аз ивази калима ва ибораҳо иборат аст. Мисли инки вожаи “Сарқонун” ҳазф шуда, "ҳуқуқи" ба "ҳаққи", "шаҳрвандоне" ба "шахсоне", "муқарраргардида" ба "эълоншуда" ва "сайёҳӣ" ба "туризм" иваз шудаанд. Вале коршиносон гуфтанд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, бидуни маҳдудият дар сари қудрат бимонад.

Дувум, бар асоси ин тағйирот синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз 35 то 30 поин оварда шуд, ки ба бовари коршиносон, ба эҳтимоли зиёд талоши роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон буд. Инчунин, бар асоси ин тағйирот синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардидааст.

Рустами Эмомалӣ ва Аҳтам Абдуллозода

Рустами Эмомалӣ ва Аҳтам Абдуллозода

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 низ аз тариқи раъйпурсӣ бозбинӣ шудааст. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой референдуми моҳи май дар Тоҷикистонро шаффоф арзёбӣ карданд, вале бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои мухолиф гуфтанд, Қонуни асосӣ ба ҳеҷ тағйир ниёз надошт. Аз ҷумла, Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократ, гуфт, то кунун ба ин санад беш аз 120 ислоҳ ворид шудааст ва "ҳоло ин Конститутсияро бо Қонуни асосии соли 1994 муқоиса кардан мушкил аст. Байни ин ду қонун ҳоло тағйироти зиёд вуҷуд дорад."

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, 24 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Мунтақидон ӯро ба нақзи афзояндаи озодиҳои мазҳабӣ, ҷомиаи шаҳрвандӣ ва чандандешии сиёсӣ дар солҳои охир айбдор мекунанд. Бар асоси тағйироти ахири тасвибшуда ба Қонуни асосӣ, таъсиси аҳзоби сиёсии мазҳабӣ низ дар Тоҷикистон қонунан манъ шуд. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ – ягона ҳизби сабтиномшудаи мазҳабӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ – бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 манъ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG