Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон ҳамлаҳои Фаронсаро маҳкум кард. 2 ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пахши изҳорот ҳамлаҳои террористии Фаронсаро маҳкум кард, ки ба камияш ҷони 84 нафарро гирифтааст. Дар як изҳорот, ки дар сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон нашр шуд, оқои Раҳмон ин ҳамлаҳоро "боз як намунаи аъмоли зишти нерӯҳои аҳриманӣ" донистааст.

Ӯ дар номаи таслияти худ ба Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса ва сокинони он кишвар гуфтааст, ​"хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитса ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад."

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Бархе аз рӯҳониёни тоҷик низ дар хутбаи намози ҷумъаашон дар бораи ҳодисаи шаби гузашта дар Фаронса суҳбат карда ва онро ба шиддат маҳкум кардаанд. Қобилҷон Боев, имом-хатиби маҳаллаи Қазоқони Душанбе, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “ин гуна амал мусалмонӣ нест ва ҳар касе худро ё дигаронро метарконад, дар ислом ҳукмаш ҳаром аст”. Ба қавли Боев, аҳли масҷид дар намози ҷумъа ба ин натиҷа расидаанд, ки “ҳар нафар бояд пеши роҳи ақидаҳои фитнаангезро бигирад. Зеро бисёрмазҳабӣ ва бисёрравиягиву бисёрақидагӣ ба чунин ҳолат мардумро гирифтор мекунад.”

Ҷамоллиддин Хомӯшӣ, масъули бахши фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ҳодисаи шаҳри Нитсаи Фаронсаро маҳкум кард ва гуфт, “дини ислом ҳамеша пайравони худро ба дӯстиву бародарӣ даъват карда ва дигаронро новобаста ба эътиқодашон шахсияташонро эътироф мекунад ва эҳтиром қоил аст.” Хомӯшӣ мегӯяд, ин гуна амалҳои тахрибкорона, ки дар дунё бо номи Ислом ҷӯш мезанад, албатта, ба Ислом ҳеҷ рабт надорад. “Зеро ҳар фард медонад, ки дини Ислом дини терористӣ нест ва террорист низ ба Ислом ҳеҷ рабт надорад,” – гуфт ӯ.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Масъули бахши фатвои Шӯрои уламо гуфт, ин гуна аъмоли ношоянд на танҳо аз тарафи намояндагони Ислом, балки аз ҷониби дигар адён низ сар мезананд ва ин аст, ки мусалмонон инро қабул надоранд ва таъкид мекунанд, ки аз ин гуна амалҳои тахрибкорона дурӣ ҷӯянд.

Ин ҳодиса боиси маҳкумияти рӯҳониёни дигар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам шуд. Абдулазиз Мансур, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Ӯзбакистон дар сӯҳбат бо радиои Озодлик гуфт, аз он ки ингуна ҳодисаҳои мудҳиш ҳамоно рух медиҳанд, хеле нороҳат шудааст. Вай гуфт: "Террористон дар фикри касе нестанд. Ҳамлаҳои худро дар ҳар куҷое, ки дилашон хост, анҷом медиҳанд. Вале ин амалҳо на бо қонунҳои дунявӣ ва на ба Шариат мувофиқ нестанд. Мудҳиштарин чиз ин аст, ки ингуна ҳамлаҳо ба номи дини мубини Ислом анҷом мешаванд. Ин ҷинояткорҳо бечуну чаро бояд ба ҷазо кашида шаванд".

Ҳодисаҳои Фаронса бархе сокинони Душанберо ҳам бетараф нагузошт. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамлаҳои Фаронсаро шадидан маҳкум карда ин амалро хилоф бо меъёрҳои башарӣ номиданд.

ВИДЕО ДАР ИНҶОСТ:

Шоми 14 июл дар Нис (Нитса)-и Фаронса як ҳамлакунанда мошинро босуръат ба сӯи одамон ронда 84 нафарро кушт ва даҳҳо нафари дигарро маҷруҳ кард. Он вақт одамон машғули тамошои оташакбозӣ дар “Рӯзи ишғоли Бастилия”, ҷашни миллии он кишвар буданд. Мақомот мегӯянд, ки пулис ронандаро ҳадафи тир қарор дод. Ин мошин тақрибан ду километр аз хиёбоне ҳаракат карда одамонро зер кард.

Кристиан Эстросӣ, шаҳрдори Нис гуфт, баъд аз кушта шудани ронанда аз мошин норинҷакандоз ва аслиҳа пайдо шудааст. Баъзе одамон аз тири силоҳ кушта шудаанд. Эстросӣ дар Твиттери худ навиштааст, “ин хеле фоҷеаи даҳшатовар дар таърихи шаҳри мо мебошад. Ин саҳнаи даҳшат буд”.

Эрик Сиоттӣ, узви парлумони маҳаллӣ ба матбуоти Фаронса гуфт, “пеш аз он ки пулис мошинро нигоҳ дорад, мошин чандсад нафарро пахш кард”. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки шумораи кушташудагон ба 84 нафар расидааст ва даҳҳо нафар ё то сад нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Баъд аз чанд соати ҳамла даҳҳо ҷасад дар замин мехобид ва рӯи онҳо матои сафед пӯшонда буданд. Додситонии Порис барои расидагӣ ба ин ҳамла чун ба ҳамлаи террористӣ парванда боз кардааст.

Ҳеҷ гурӯҳе низ масъулияти ин ҳамларо бар душ нагирифтааст. Нишонаҳои ҳамлаҳои баъдӣ ё ҳамлаҳои дигар мушоҳида нашудааст. Бо вуҷуди ин ба сокинон машварат додаанд, ки аз хонаҳояшон берун наоянд. Шахсияти ронанда ба таври ошкоро маълум нашудааст, вале гузоришҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аз ин мошин як ҳуҷҷат пайдо шудааст ва он ба марди 31 солаи туниситабори шаҳрванди Фаронса тааллуқ дорад. Бовар меравад, ки ҳамин мард созмондиҳандаи ин ҳамла мебошад. Вале аз вай ном бурда намешавад. Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ин ҳамларо комилан “террористӣ” арзёбӣ кард, ки дар давоми 18 моҳи гузашта севвумин ҳапмла дар хоки Фаронса аст.

XS
SM
MD
LG