Пайвандҳои дастрасӣ

Президент гуфт, ки "ба ҷавонон бахилӣ накунед". ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки намоишномаҳои театрҳо мувофиқ ба завқи бинанда нест.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки намоишномаҳои театрҳо мувофиқ ба завқи бинанда нест.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар санъати театру киноро башиддат танқид карда гуфтааст, ки он театру киноҳои имрӯз ба завқи тамошобин мувофиқ нест. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст дар рӯзи 20-уми март гуфтааст, соҳаи театр ва синамо бо сабаби набуди асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза камранг шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар панҷ соли гузашта дар театрҳои кишвар 172 асар ба саҳна гузошта шудааст, “вале онҳо талаботи тамошобинро қонеъ карда наметавонанд ва қисми зиёди ин намоишномаҳо такрори ҳамдигар мебошанд.”

Дар мулоқот раҳбарони сохтору муассисаҳои фарҳангӣ ҳузур доштанд.

Дар мулоқот раҳбарони сохтору муассисаҳои фарҳангӣ ҳузур доштанд.

Ба қавли раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъзе намоишномаҳо аз рӯзгори мардум дуранд ва тамошобин онҳоро хуб қабул карда наметавонад. Дар мулоқот бо зиёиён Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Шӯрои рушди кинематография ёд кард, ки ба қавли ӯ дар давоми ду сол ягон филмномаро баррасӣ накардааст.

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки дар мулоқоти президент ҳузур дошт гуфт, ӯ ҳам ба вазъи синамову театри тоҷик назари интиқодӣ дорад ва филмҳои тоҷикӣ, ба қавли ӯ, “бояд аз доираи чордевору оғил ва хару асп” берун оварда шавад.

Аловуддин Абдуллоев

Аловуддин Абдуллоев

Ҳунарманди тоҷик мегӯяд: “Вақте мо филмҳои тоҷикиро аз тариқи моҳвора намоиш медиҳем бештар филмҳое гирифтан даркор аст, ки мардум ба ин восита Тоҷикистонро шиносад. Боз гашта аз ҳамон чордеворҳое, ки дорему дар як хар як кас савор асту ҳаминро фақат пешниҳод кардан даркор нест. Филмҳои хуб сохтан даркор.”

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён дастур дод, ки дар ду моҳи оянда “Тоҷикфилм” ва “Тоҷиккино”- ро муттаҳид кунанд ва барои беҳтар кардани вазъ чора биандешанд.

Зиёиён бояд ба ҷавонон бахилӣ накунанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон, аз эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ёд кард ва зиёиён хост, “барои ин ин қишри ҷомеа роҳ кушоянд”. Афзалшоҳ Шодиев, овозхони тоҷик баъд аз мулоқоти президент ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиён гуфтааст, ки “ба ҷавонон бахилӣ накунанд.”

“Президент аз маҳсули аҳли эҷод интиқод карданд, ки чандсолаҳо боз чизҳои кӯҳнаро мехонем. Дар бахши эҷод қариб ки чизи нав нест ва ин таъкиди президент воқеан ин дуруст аст.”

Зиёиён ба раиси ҷумҳур чӣ пешниҳод карданд?

Ҳамасола зиёиёни Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки дар мулоқоти рубарӯ мушкилотҳои ҷомеаро бо президент матраҳ намекунанд. Коршиносон мегӯянд, аҳли зиё аз ин фурсат истифода намебарад, балки ба мадҳу сано мегузарад. Мулоқоти имсола ҳам мисли солҳои гузашта будааст.

Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, зиёиён дар мулоқот бо президент бештар аз дастовардҳо тавсиф карданд, ҳол он ки ба гуфтаи ӯ «мо ҳоло чизи арзишманде надорем, ки ба ҷаҳониён пешниҳод кунем.»

Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат

“Ҳозир мо чиро бурда ҳамчун намунаи беҳтарин ба ҷаҳониён нишон медиҳем? Чизе нест. Кор кардан даркор ва ин барои ояндабинӣ аст. Дар айни замон чизе надорем, ки бо он азхуд мерафта бошем” - мегӯяд, ӯ.

Дар суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷомеашиносони тоҷик даъват кардааст, ки ба чолишҳои амниятӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Ба гуфтаи вай, “ҷомеашиносон бояд корҳои илмии худро ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огоҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир равона намоянд”.

Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо зиёиёну донишмандони тоҷик бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Кохи Наврӯзи пойтахт баргузор шуд ва дар он тахминан 200 намояндаи аҳли зиё иштирок карданд. Шумори меҳмонони ин нишаст назар ба солҳои гузашта ду баробар камтар буд ва он бидуни ҳузури хабарнигорони расонаҳои мустақил сурат гирифт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG