Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паёми Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон дар як сол


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 22 декабр дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон паёми солонаи худро ироа хоҳад кард. Бори охир оқои Раҳмон дар моҳи январи имсол бо паёме ба мардум ва порлумон муроҷиат карда буд.

Дар дафтари матбуоти порлумон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 5 декабр Шукурҷон Зуҳуров зери қарори даъвати ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон имзо гузошт. Ба иттилои манбаъ, дар баробари вакилони ҳарду маҷлиси порлумон, аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳову шаҳру навоҳӣ низ барои шунидани паёми раиси ҷумҳур даъват шудаанд.

Охирин бор рӯзи 20 январи соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо паёми солонааш ба мардум ва порлумон муроҷиат карда буд. Дар паёми солонаи худ барои соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, мубориза бо терроризм, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, баланд бурдани маош ва масоили дигар, ишора карда буд.

Паёми солонаи раисиҷумҳур одатан аз маҷмӯи эъломияҳои муҳими Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои кори ҳукумат дар як соли гузашта, дастовардҳои он ва барномаҳои оянда иборат аст. Ҳарчанд бахшҳое аз он аз сол ба сол тақрибан такрор мешаванд, ҳар сол чанде аз масъалаҳои умдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ дар он ҷойгоҳи бештар касб мекунанд.

Барои намуна, дар паёми соли 2014 раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 бор калимаи “занон”-ро истифода бурд. Бахши умдаи паём ба ширкати васеътари занон дар умури давлат рабт дошт. Агар дар паёми солҳои 2002 ё 2005 ибораи “ҷойҳои нави корӣ” ягон бор садо надода бошад, дар соли 2014 ҳафт ва як пеш аз он 11 бор ба гӯш расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 24 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва тайи дастикам 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент гурӯҳҳои вижае таъсис дода мешаванд, ки бояд ҷараёни иҷрои нукоти омада дар ин суханрониҳои, ба гуфтаи мақомот, барномавии Эмомалӣ Раҳмонро назорат кунанд.

XS
SM
MD
LG