Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: 30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон аз даст рафтанд


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ин кишвар чанд сол боз аз таъсири тағйирёбии иқлим ранҷ мебарад ва нишонаи асосиаш обшавии пиряхҳост. Оқои Раҳмон, ки 9 август дар ҳамоиши байналмилалии "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, дар даҳ соли гузашта тақрибан 30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон об шуда ва ин раванд ҳанӯз идома дорад.

"Тайи ин давра танҳо масоҳати пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъавӣ дар Тоҷикистон – ба андозаи 2 километри мукааб ях коҳиш ёфтааст," - гуфт ӯ ва афзуд, дар соли ҷорӣ ба далели камобӣ поёнравии сатҳи оби дарёи Омӯ ва Сир ба андозаи то 30 дарсад мушоҳида шудааст.

Қаблан, масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар баробари обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон, инчунин, ҳаракати пиряхҳо, ки дар даҳ сол як бор ҳаракат мекунанд, мушоҳида мешавад.

Ин гуна ҳаракат дар соли 2011 дар пиряхи Хирсон, дар ноҳияи Ванҷ мушоҳида шуд, ки то имрӯз як километр ҳаракат кардааст ва дар натиҷаи ҳаракат кардан кӯлҳои сунъӣ пайдо шуда ва роҳу пулҳоро вайро кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, обшавии пиряхҳо захираи об на танҳо дар кишвар, балки дар минтақа ва ҷаҳонро кам карда, боис ба шиддат гирифтани рақобатҳо хоҳад шуд. Ӯ афзуд, "дар чунин вазъият, ба андешаи мо, роҳандозии мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об барои такмил ва таҳкими шаклу василаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаи об имкониятҳои навро дар сатҳҳои гуногун фароҳам меорад."

Президент Раҳмон ба инобат гирифтани "унсури гендерӣ дар мудирияти захираҳои обро" низ як амри муҳим хонда, мегӯяд, "бояд барои ҷалби занону духтарон ба раванди рушд ва тақвияти нақши онҳо дар мудирият ва ҳифзи захираҳои об кӯшиши бештар ба харҷ дода шавад."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронияш хеле рӯшан дар бораи муносибати кишварҳои поёнобу болооби минтақа барои тақсими захираҳои об ва бахусус дар замоне ки Душанбе барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун дасту остин барзадааст, суҳбат накард. Вале ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи обро яке аз омилҳои калидии таъмини сулҳу субот ва рушд донист. Ӯ гуфт, "баръакс, набудани чунин ҳамкорӣ имкон дорад, боиси ба миён омадани хавфу хатарҳои ҷиддие гардад, ки ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо таъсири манфӣ хоҳанд расонд."

Дар ҳамоиши байналмилалии "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" дар Душанбе беш аз 500 меҳмон аз 90 кишвари олам, 47 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра иштирок доранд.

"Табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва беҳдошт, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои об ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳлои минтақавӣ ва бисёрсоҳа” аз мавзӯъҳои асосии Симпозиуми байналмилалии “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” дар Душанбе аст.

Интизор мсеравад, дар поёни кори симпозиум, санади вижа дар робита ба натиҷаҳои кори ин ҳамоиш таҳия ва қабул хоҳад шуд.

Тоҷикистон то кунун даҳсолаи об барои ҳаётро баргузор карда, як даҳсолаи дигари "Об барои рушди устувор"-ро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст. Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди баргузории даҳҳо ҳамоиш датрасии сокинон дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ мушкил аст ва сокинон аз садҳо метр бо хару ароба об мекашонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG