Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Мӯҳтоҷи мазҳаби дигар нестем. Мо Ҳанафия ва пири худро дорем"


Эмомаль Раҳмон

Эмомаль Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, то кунун ҳафт ҳолати ба Сурия рафтани донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ ва пайвастани 11 донишҷӯи макотиби олии кишвар сабт шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоле ки ҷавонони кишварро аз "бегонапарастӣ" ҳушдор медод, гуфт, Тоҷикистон мӯҳтоҷи ҷаҳонбинӣ ва ё мазҳаби дигар нест. "Мо мазҳаби таҳаммулгарои худ - Ҳанафия ва пири мазҳабамон - Имоми Аъзамро дорем," -- таъкид дошт ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин ҳарфҳоро 26 июн, дар остонаи таҷлил аз 18-солагии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар дар Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, то кунун 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ ва пайвастани 11 донишҷӯи макотиби олии Тоҷикистон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" низ сабт шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон теъдоди умумии ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурияро беш аз 300 нафар дониста ва гуфт, то кунун сад тани онҳо дар ҷараёни даргириҳо кушта шудаанд. Ӯ афзуд, қисмати зиёди тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурияро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил медиҳанд. Раисиҷумҳур дар идома аз нафари мушаххас ном набурд, вале "ҷиҳодиён"-и тоҷикро хоинони Ватан ва мазҳаби ҳанафӣ номид.

Ӯ гуфт, "аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд. Зеро фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби Ҳанафия хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд.”

Оқои Раҳмон иллатҳои гароиши ҷавонон ба давлати исломиро “дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли бисёр шудан” донист. Ӯ гуфт, “онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд.”

Ин дар ҳолест, ки худи ҷангиёни тоҷик борҳо бо пахши наворҳои видеоӣ иштирокашон дар ҷангҳои Сурияву Ироқро “ҷиҳод” номидаанд. Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки як моҳи пеш эълон кард, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст, низ гуфт, ӯро ба ин кор бархӯрди маъмурони пулис бо намозгузорон ва занони ҳиҷобпӯш водор кард.

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли ом ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигари дини ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи "хилофати исломӣ"-ст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG