Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шахсияти 516 сокини вилояти Хатлон, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо фаъолони Хатлон дар ноҳияи Бохтар гуфт, ки ин ҳисобу китоб аз соли 2014 ба ин тарафро дар бар мегирад ва бино ба иттилои онҳо, "инчунин, 164 нафар дастгир шуда, 24 нафар ба кишвар оварда шудаанд".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз мизони ҷинояткорӣ дар миёни сокинони Хатлон шадидан нигаронӣ карда ва гуфт, дар нуҳ соли гузашта ва шаш моҳи аввали соли равон ҳудуди 40 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 7 ҳазору 721 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст. Вай афзуд, "дар ин давра, хусусан, ҷиноятҳои одамкушӣ, хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон бештар ба қайд гирифта шуданд."

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо сокинони Хатлон дар ноҳияи Бохтар

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо сокинони Хатлон дар ноҳияи Бохтар

Оқои Раҳмон аз мақомоти интизомии кишвар тақозо кард, ки барои коҳиш додани мизони ҷиноят, аз ҷумла пайвастани сокинон ба гуруҳҳои ифротгарову террористӣ ҷилавгирӣ кунанд. "Хусусан дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ боз ҳам қатъитар фаъолият карда, нисбат ба ҳама гуна амалҳои қонуншиканӣ дар доираи муқаррароти қонун чораҷӯӣ намоянд," – таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми август барои боздид аз навоҳии Хатлон ба ин минтақа сафар карда ва ҳоло дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар маркази ин вилоят, қарор дорад. Мақомот мегӯянд, ҳадафи сафари раисиҷумҳур шиносоии шахси аввал бо зиндагии сокинон ва суолу ҷавоб бо онҳост.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба сафи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастани ҳудуди 1100 шаҳрванди тоҷик ва ҳалокати то 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна сӯҳбат мекунанд ва ин тамоюлро барои амнияти кишвар таҳдидзо мешуморанд.

Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG