Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишораи президент ба даст доштани "хоҷагони хориҷӣ" дар ҳаводиси ахир


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба ҳаводиси ахири кишвар гуфт, афроде ҳастанд, ки бо кӯмаку пуштибонии “хоҷагони хориҷӣ” мехоҳанд, ки амну субот дар Тоҷикистонро барҳам зананд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр дар мулоқот бо афсарону сарбозони ҷузву томҳои нерӯҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки “воқеаҳои охир нишон доданд, ки ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки бо кӯмаку ҳидоят ва пуштибониву маблағгузории хоҷаҳои хориҷии худ мехоҳанд пойдевори сулҳи пойдори тоҷиконро халалдор созанд, яъне ба хонаи худ оташ зананд.”

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, "мақсади нопоку хиёнаткоронаи хоинон ва хоҷагони хориҷиашон ба шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд ва нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт”.

Эмомалӣ Раҳмон, афродеро, ки талоши ноором кардани Тоҷикистонро кардаанд, “намакзада” унвон кард. Ӯ гуфт: “Худатон қазоват кунед, ки дар тӯли 12 шабонарӯзи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо оилаи тоҷик мотамзада гардида, ин хиёнати чанд нафар намакзада ба мардум чӣ қадар зарари маънавӣ расонид ва номи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баъди ин қадар дастоварду пешравиҳо доғдор сохт”.

Қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба раҳбарони аҳзоби мухолиф таъкид мекард, ки дар фаъолияти худ ба "ба умеди хоҷаҳои хориҷии худ" нашаванд. Вале ба таври мушаххас аз ҳеҷ кишвар ва ё созмони хориҷие ном набурдааст.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тавоноии онро доранд, ки “ба душманони миллати тоҷик” ҷазои сазовор бидиҳанд.

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сокинони кишвар қадрдонӣ кардааст, ки дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ алайҳи гурӯҳи шӯришии генерал Абдуҳалим Назарзода бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ кардаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим, ки дар бинои Гвардияи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ба 122 нафар сарбозон ва шаҳрвандоне, ки дар амалиёт алайҳи генерал Назарзода ва шариконаш ширкат кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супурдаст.

Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд ва Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳороти вижа Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро айбдор кард, ки дар ошӯби ахири гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, даст дорад. Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.”

Додситонӣ ҳамин тавр, тасдиқ кард, ки боздошти 13 тан аз раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ дар робита ба таҳқиқи парвандаи ошӯби генерал Назарзода сурат гирифтааст. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, ки аз моҳи март ба ин тараф дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, ин иттиҳомро ба шиддат рад кард ва гуфт, бо бастани номи ӯ ба ин ошӯб мехоҳанд барои ҷустуҷӯи байналмилалиаш роҳро ҳамвор кунанд. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон дар воқеъ таҳияи аснод барои таҳти таъқиби Интерпол гузоштани Кабириро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG