Пайвандҳои дастрасӣ

Барои аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа ва барои ҳар номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ 20 дақиқаӣ ҷудо мешавад, то дар телевизионҳои давлатӣ барномаҳои интихоботии худро муаррифӣ намоянд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, барои аҳзоби сиёсӣ дар телевизиони давлатӣ 40 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад, то барномаҳои қабл аз интихоботии худро таблиғ намоянд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои давлатӣ, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки қарор аст дар рӯзи аввали моҳи марти соли оянда баргузор шавад, бар пояи тағйиру иловаҳои нав ба қонунгузории интихоботӣ дар кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ бо 40 дақиқа навори телевизионии ройгон таъмин мегарданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки барои ҳар номзад аз ҳавзаҳои интихоботӣ 20 дақиқа пешбинӣ шудааст. КМИР мегӯяд, ҳамчунин дар саҳифаҳои нашрияҳои чопии давлатӣ барномаҳои қабл аз интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ба нашр хоҳанд расид.

Дар ҳамин ҳол КМИР тасмим дорад рӯзи 16 декабр дар шаҳри Душанбе бо ширкати рӯзноманигорон нишаст доир намояд, то пешниҳодҳои Васоити ахбори оммаро бишнавад.

ТАЪКИД БА ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ЯКСОН БА ҲАМАИ НОМЗАДҲО

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки бояд барои ҳамаи номзадҳо дар интихоботи парлумонии соли оянда, шароити яксон ва баробар таъмин карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6 декабр зимни мулоқот бо афроде, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ба шаффофият ва риояи меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалӣ дар интихоботи дар пешистодаи парлумонӣ таъкид кардааст. Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки бояд барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.

Бар пояи моддаи 69 Конуни асосии Тоҷикистон ва банди 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон ““Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди президенти кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи пас аз эълон шудани интихобот карда мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ба ҳайати Комиссия намояндагони ҳама аҳзоби сиёсии расман сабти номшуда пешниҳод гардидаанд, ки чаҳор нафари онҳо занон мебошанд. Омина Ёрматова аз Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, Вера Романова аз ҲКТ ва Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҲНИТ, аз ҷумлаи аъзои қатории ин комиссия мебошанд. Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳеҷ кас барои узвият дар комиссия пешниҳод нашудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 ноябр бо судури фармоне замони интихоботи парлумонӣ дар кишварро дар рӯзи аввали март таъин кард. Ҳамчунин, тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 таъйин шуда, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯзи 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад. Бар пояи ин фармон, замони интихоби аъзои палати болоӣ ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли оянда таъйин шудааст.

Дар парлумони кунунии Тоҷикистон ба ҷуз Ҳизби ҳокими халқӣ -демократӣ, ки аксарияти курсиҳо ба он тааллуқ доранд, ҳамчунин аз ҲНИТ, ҲКТ, ҲАТ ва ҲИИ дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG