Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ба Фаронса рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи 29 ноябр бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тайирёбии иқлим, ба Фаронса сафар кард.

Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, фардо, 30 ноябр дар Порис -- пойтахи Фаронса оғоз меёбад ва то 11 декабр идома мекунад. Дар назар аст дар ин нишаст сарони аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама, президенти Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййб Эрдуғон низ ширкат кунанд.

Манобеи расмии Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди барномаи мулоқоту гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Порис маълумоте интишор накардаанд. Аммо дар вебсайти расмии Комиссияи Аврупо омадааст, ки рӯзи 1-уми декабр мулоқотҳои ҷудогонаи президенти Комиисияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ва хонум Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса дар ҳоле сурат мегирад, ки авоили моҳи ҷорӣ Порис -- пойтахти Фаронса шоҳиди хунбортарин ҳамлаҳо дар таърихи муосири худ буд. Рӯзи 13 ноябр дастикам 9 ҳамлагари мусаллаҳ ва маргталаб ба як толори консерт, варзишгоҳ ва бару тарабхонаҳо дар маркази Порис ҳамла карданд. Дар ин ҳамлаҳо бар изофаи 130 кушта, беш аз 350 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки бахшҳое аз Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дорад, масъулияти ин ҳамлаҳои хунинро ба ӯҳда гирифт.

Дар пайи ин ҳодиса, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ба худ ба Франсуа Олланд, ҳамтои фаронсавиаш ин ҳамлаҳоро амали ғайриинсонии як идда ҷинояткорон хонд, ки бо истифода аз номи ислом онро пӯшиш медиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон дар ғаму андӯҳи мардуми Фаронса шарик ҳастанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин нерӯҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG