Пайвандҳои дастрасӣ

Почтаи тоҷик рӯзи 9 октябр дар ҳоле Рӯзи байналмилалии почтаро таҷлил кард, ки дар як шароити сахт ва амалан барои бақояш мубориза мебарад.

Хаткашонро дар замони Шӯравӣ сокинони ҳар деҳаву гузар бо хурсандӣ пешвоз мегирифтанд, аммо имрӯз он истиқболи гарм нисбат ба хаткашон эҳсос намешавад. Он замон хаткашонро мардум гӯё узви хонадони худ мешумурд, имрӯз ӯ як нафари барои хонаводаҳо дигар бегонаест, ки вазифаи худро иҷро мекунад.



Сабоҳат Ҳикматова, ки 25 сол инҷониб хаткашон аст, мегӯяд, ин ҳолат ва ҳам музди кам сабаб шудааст, ки мадон ва насли ҷавон ба ин пеша шавқе зоҳир намекунанд. Ҳоло ин касби танҳо онҳоест, ки бо як музди кам кори зиёдеро анҷом медиҳанд: «Мо 300 сомонӣ маош мегирем, ки аз он 52 сомонияш барои андоз гардонида мешавад. Дар дастамон ҳамагӣ 248 сомонӣ мемонад. Бинобар ин маошамон қонеъкунанда нест. »

Сабоҳат Ҳакимова

Сабоҳат Ҳакимова

Ба қавли хонум Ҳикматова, вазифаи асосии имрӯзаи хаткашонҳои «Почтаи тоҷик» танҳо аз расонидани мактубҳо ба мақомот, аз қабили суд, прокуратура, Кумитаи андоз, ирсоли маблағ ба маҳбасхонаҳо ва тақсим кардани рӯзномаву маҷаллаҳо иборат шудааст. Раҳбарони почта мегӯянд, як қисми даромади соҳа аз обуна меояд, аммо он ҳам зиёд нест. Аз сӯи дигар, зиёд шудани муҳоҷирати тоҷикон ба Русия ба кори почта равнақ бахшидааст.

Татяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 90 дарсади мактубҳо ва савғое, ки тариқи почта вориди Тоҷикистон мешавад, аз Русия меояд. Бештари мактубу бастаҳо аз Тоҷикистон низ ба Русия ирсол мегардад. Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тавассути Иттиҳодияи почтаи умумиҷаҳонӣъ сурат мегирад. Душанбе аз соли 1994 узви ин созмон аст.

Татяна Холмуродова

Татяна Холмуродова

Аммо обуна, ба гуфтаи хонум Холмуродова, дар солҳои охир тамоман кам шуда, ба иллати дурии роҳ ва камии даромади «Почтаи тоҷик» аз ин навъи хидматрасонӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ба навоҳии дурдаст, аз ҷумла ба вилояти Бадахшон сари вақт расонда намешаванд ва ин мушкили асосии имрӯзаи почтаи тоҷик унвон мешавад.

Нозимҷон Холматови 69-сола, сокини ноҳияи Исфара мегӯяд, пас аз мустақил шудани Тоҷикистон ҳамагӣ чанд бор ба идораи рӯзномаҳо тариқи почта мактуб равон кардааст, аммо ягон бор аз ҷое нома нагирифтааст. Ба қавли бобои Нозимҷон, азбаски имрӯз мардум аз телефонҳои ҳамроҳ зиёд истифода мекунанд, дигар ниёз ба хизматрасонии почта қариб намондааст.

Омили дигаре ки нақши почтаро дар ҳаёти имрӯзаи нафақат Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё камранг кардааст, густариши Интернет мебошад. Интернет зарурати ирсоли номаи катбӣ, ба истиснои мавридҳои расмие, ки ирсоли номаи хаттиро тақозо мекунанд, амалан аз байн мебарад.
Ҳарчанд боз ҳам сокинони кишвар расондани нашрияҳоро яке аз вазифаҳои асосии почта медонанд, ин кор ҳоло ба дасти соҳибкорони инфиродӣ гузаштааст.



Аз кори хуби почтаи Тоҷикистон асосан калонсолон хотираҳои хуб доранд. Аз 25 ҷавоне ки сӯҳбат кардем, 23 нафараш чӣ будани почтаро ба сахтӣ мефаҳмиданд. Яке мардона иқрор кард, ки «почтаро бомба мефаҳмад.» Дигаре гуфт, агар бори дигар почта гӯем, маротиба дуюм ин калимаро мешунавад. Сеюмӣ гуфт, дар Тоҷикистон почта нест.

Ҳол он ки почтаи тоҷик, ба гуфтаи масъулонаш, дар 8 моҳи охир ба хориҷ 55 тонна мактуб ва савғо фиристода, аз хориҷ 125 тонна номаву савғо ворид кардааст. Арзиши фиристодани як килограм савғо аз Тоҷикистон 11 сомониро ташкил медиҳад. Нархи ирсоли як мактуби оддӣ тариқи почта 1, 60 ва мактуби фармоишӣ ду сомонӣ будааст.

Почтаи тоҷик 800 корманд дорад, ки маоши миёнаи онҳо 300 сомонӣ мебошад. Ба иллати сармоягузории ночиз шумораи кормандони он дар панҷ соли охир 50 дарсад ихтисор шуда, бархе аз кормандони почта бо алам гуфтанд, ки се моҳ боз маош нагирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG