Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозияи Кароматулло: «Рӯзе нест, ки номаҳои ошиқона нагирам»


Овозхони шинохта, Нозияи Кароматулло мазмуни бархе аз номаҳои мухлисони худро дар гуфтугу бо Радиои Озодӣ ифшо кард.

Нозияи Кароматулло, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик ду-се рӯз қабл ҷумҳурии Туркия баргашт ва дафъатан дар консерте ба муносибати Рӯзи ҷавонон ширкат кард. Ӯ ҳамзамон ба таҳияи клипи нав машғул аст ва аммо бо вуҷуди серкорӣ фурсат ёфт ва перомуни сафар ба Туркия ва паҳлуҳои дигари рӯзгораш ба суолҳои Радиои Озодӣ посух гуфт.

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло 7-уми феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи овозхони машҳур Кароматуллоҳи Қурбон ба дунё омадааст.

Соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм намуда, баъдан ба Консерваторияи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дохил шуд. Соли 2010 консерваторияро бо дипломи сурх хатм намуда, худи ҳамон сол консерти аввалини худро баргузор кард.

Соли 2007 дар мусобиқаи рақси классикии «Катак» дар Ҳиндустон ғолиб омад ва баъдан бо суруди «Дидаи дил» машҳур гардид.

Ҳоло сарояндаи гурӯҳи ҳунарии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аст.
Нозияи Кароматулло: Бале, чанд рӯз пеш ба Туркия сафар доштам, ки он ба хотири такмили додани ҳунарам ва дӯстию ҳамкорӣ бо ҳунармандони он кишвар сурат гирифт. Ман бо ҳунармандони Ҳиндустон ҳамкорӣ мекунам. Ҳоло бо ҳунармандони Туркия низ ҳамкориро шурӯъ кардам. Аслан, сурудҳоямро дар Тоҷикистон сабт мекунам. Баъд ба Ҳиндустон, Туркия ё ягон кишвари дигар, ки барои ҳамкорӣ даъватам мекунанд, меравам ва барои рангоранг шуданаш дар он ҷо клипамро омода мекунам. Дар Туркия як-ду клип омода кардам, махсусан барои иди ҷавонон. Рӯзҳои наздик пешкаши онҳо мегардад. Умедворам, барои мухлисон тӯҳфаи хубе мегардад ва писандашон хоҳад шуд.

«Озодӣ»: Медонем, ки шумо дар Консерваторияи ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил кардаед ва онро бо дипломи аъло хатм намудед. Донише, ки он ҷо меомӯзанд, аз таҳсил дар Донишгоҳи санъат ё Консерваторияи Тоҷикистон чӣ тафовут дорад?



Нозияи Кароматулло: Аслан, ба ҳамагон маълум аст, ки ҳунар дар Ҳиндустон хеле пеш рафтааст, бахусус рақс, сарояндагӣ ва синамо. Ба хотири он, ки асбоби мусиқӣ ва рақси классикии ҳиндиро омӯзам, дар консерваторияи Ҳиндустон таҳсил кардам. Мехостам каме аз онҳо омӯзам, каме аз худамон ва аз омезиши онҳо сабки худро пайдо кунам. Бисёр устодони хуб доштам, ки тамоми нозукиҳои санъатро бароям омӯзониданд. Аз онҳо миннатдорам. То ҳол ҳамкорӣ мекунам.

«Озодӣ»: Чӣ чизҳои наву ҷолиб буд?

Нозияи Кароматулло: Тафовут аслан дар созҳои мусиқии онҳо ба монанди табла ва сарангиву сетор аст. Аз хурдӣ вақте филмҳои ҳиндиро тамошо мекардам, ба созҳои ҳиндӣ шавқи зиёд доштам ва мехостам навохтанашонро ёд бигирам. Каму беш ёд гирифтам. Айни ҳол боз меомӯзам, машқ мекунам. Чун санъат сарҳад надорад. То ба охири умр омӯзӣ ҳам, кам аст.

«Озодӣ»: Ҳоло ҳам таҳсилро идома медиҳед?

Нозияи Кароматулло: Албатта, тариқи интернет аз устодонам вазифа мегираму иҷро мекунам. Ҳар боре ба дидорашон меравам, ҳатман аз ман имтиҳон мегиранд.

«Озодӣ»: Чӣ гуна як овозхон метавонад ба комёбиҳо ноил шавад, ба дили шунавандагон роҳ ёбад?

Нозияи Кароматулло: Албатта, ба воситаи меҳнат. Ҳунар меҳнати зиёдро талаб мекунад. Дар ҳама соҳа агар меҳнат кунӣ, кӯшиш кунӣ, албатта, ба муроди худ мерасӣ.

«Озодӣ»: Иттилоъ ёфтем, ки коргардоне мехоҳад шуморо барои нақшофарӣ дар филм даъват кунад. Чун шумо аз кӯдакӣ ба синамои Ҳинд таваҷҷуҳ доштед, намехоҳед, ки худро дар нақшофарӣ низ бисанҷед?

Нозияи Кароматулло: Албатта, мехоҳам. Чанд бор ҳам аз ҷониби коргардонҳои тоҷик ва ҳам Болливуд чунин пешниҳод шуда буд. Умедворам, ки дар оянда ягон нақше бозӣ мекунам.

«Озодӣ»: Мухлисон ҳамеша ба ҳунармандони шинохта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Вақте дар барномаи наврӯзии имсола шумо дар Наврӯзгоҳ набудед, бисёриҳо мепурсиданд, ки чаро Нозия набуд? Чун шумо қариб дар ҳама барномаҳои расмӣ ҳастед.

Нозияи Кароматулло: Ман дар барномаҳои наврӯзӣ будам. Вале ҳамаи санъаткорон наметавонанд дар як барнома иштирок кунанд. Дар ҳар гӯшаи шаҳр маҳфилҳои ҷашнӣ баргузор мешаванд. Мо тақсим мешаваем, як гурӯҳамон дар як ҷой хизмат мекунем, як гурӯҳамон дар ҷои дигар. Ба ҳамин хотир ман натавонистам дар Наврӯзгоҳ ширкат кунам.

«Озодӣ»: Бале, шумо хеле фаъол ҳастед. Барномаи ҳунарии шуморо ҳам тавассути телевизион зуд-зуд нишон медиҳанд. Дар ин ҷода шуморо кӣ дастгирӣ мекунад?

Нозияи Кароматулло: Пеш аз ҳама модарҷонам маро бисёр дастгирӣ мекунад. Дар ҳама кору ҳар маврид модарам дар паҳлӯи ман аст. Ман аз модарам бисёр миннатдорам ва бисёр дӯсташ медорам.

«Озодӣ»: Кӣ сарпарастиву пуштбонӣ мекунад?

Нозияи Кароматулло: Модарам продюссери ман ҳастанд. Гузоштани консерту сарпарастиву ҳама кор ба дӯши модарам аст. Ман танҳо ҳунарнамоиамро медонам.

«Озодӣ»: Барои пахши консертҳои баъзе ҳунармандон монеа эҳсос мешавад, вале дар мисоли шумо мо инро мушоҳида намекунем. Чӣ гуна ба ин муваффақ шудед?

Нозияи Кароматулло: Ман ба он хотир таҳсил кардам, ки ба ҳама хидмат кунам ва тавонам ҳунарамро нишон диҳам. Кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии мардум бошам. Баъдан ман овозхони гурӯҳи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио ҳастам.

«Озодӣ»: Агар садо, симо ва сару либосатонро танқид кунанд, шумо чӣ гуна қабул мекунед?

Нозияи Кароматулло: Он чизе, ки писанди мухлисон наояд, кӯшиш мекунам, ислоҳ кунам.

«Озодӣ»: Чун бо Шумо сӯҳбат мекунем, наметавонем аз падаратон, ҳунарманди шаҳир Кароматуллоҳи Қурбон ёд накунем. Чӣ хотироте доред аз падар?

Нозияи Кароматулло: Он ҳангом ман хеле хурд будам. Сарфи назар аз ин падарамро дар хотир дорам. Ҳама меҳрубониҳояшон дар хотирам ҳаст. Вақте хешу табор ва ёру дӯстон аз ман мепурсанд, ки падаратро дар ёд дорӣ, мегӯям, бале дар ёд дорам. Онҳо мегӯянд, чӣ хел дар ёд дорӣ, ки хеле хурд будӣ, чор сол доштӣ. Мисли хобе ҳар рӯз ба ёдам меояд, ки ин қадар меҳрубон буданд, сари моро ба оғӯш мегирифтанд. Ҳеҷ аз ёдам фаромӯш намешавад. Асбобҳоро менавохтанду суруд мехонданд. Кумири ман падарам ҳастанд. Ман ҳам мехоҳам мисли падарам бошам. Обрӯи баланд доштан хеле мушкил аст. Бубинед, ин қадар солҳо гузаштаасту то ба ҳол мардум бо эҳтиром номашонро ба забон мегиранд. Ман ҳам мехоҳам сазовори чунин падар бошам. Ману бародаронам барои ин кӯшиш мекунем.

«Озодӣ»: Дар бораи шавҳар карданатон зуд-зуд овозаҳо паҳн мекунанд. Чӣ нақшаҳо доред дар ин самт?

Нозияи Кароматулло: Ҳар духтари ҷавон орзу дорад, ки оиладор шавад. Оиладор мешавам, насиб, иншооллоҳ. Ҳоло танҳо овоза аст. Ягон нақшаи аниқ надорам. Шахси ҷамъиятӣ аз овозаҳо орӣ нест. Ҳар ҳафта маро ба шавҳар медиҳанд. Ман ба ин одат накардаам. Машғули кору эҷод ҳастам. Вақте арӯсиро ба нақша гирифтам, ҳатман ба ҳамаи мухлисонам мерасонам.

«Озодӣ»: Номзади ояндаи хударо чӣ гуна тасаввур мекунед? Чӣ гуна шахс метавонад дили шуморо ба даст орад?

Нозияи Кароматулло: Пеш аз ҳама инсони хуб бошад, бомаърифат, бомаданият, боақлу бофоросату босавод бошад. Баъд он вақт мебинем, ки чӣ мешавад.

«Озодӣ»: Ба шумо номаҳои ошиқона менависанд?

Нозияи Кароматулло: Агар рӯзе номаҳои ошиқона нагирам, мегӯям имрӯз чаро мактуб набуд. Бароям гирифтани нома одат шудааст. Бисёр меояд. Пеш аз хоб номаҳоро хонда, бо табассуму ханда хобам мебарад.

«Озодӣ»: Чиҳо менависанд?

Нозияи Кароматулло: Менависанд, ки бо ман оиладор шудан мехоҳанд. «Чӣ хел бо ман оила барпо мекунӣ, ки ман санъаткор ҳастам, шабу рӯз кор мекунам, оё тоқат мекунӣ», - мегӯям худ ба худ. Бисёр хурсанд мешавам, ки маро дӯст медоранд, ҳурмат мекунанд. Ман ҳам ҳамаи онҳоро дӯст медорам, лекин барои зиндагии худ ҳанӯз касеро интихоб накардаам. Ҳоло фурсат дорам, фикр мекунам.

«Озодӣ»: Ба ҷуз ҳунару санъат боз ба кадом соҳаҳо таваҷҷуҳ доред?

Нозияи Кароматулло: Ман варзишро дӯст медорам. Барои саломатии худ кам-кам машқ мекунам. Кадбонуӣ ҳам мекунам. Инро бояд ҳар бонуи тоҷик тавонад. Агар натавонем барои мо айбу шарм аст. Албатта, вақти бисёр кам дорам. Вале кунҷкобӣ карда, ягон чиз омода мекунам.

«Озодӣ»: Ба сиёсат таваҷҷуҳ надоред? Намехоҳед узви парлумон бошед?

Нозияи Кароматулло: Рости гап, аз ин чиз дур ҳастам. Ман рақсу сурудхониро медонам. Як рӯз бе мусиқӣ бошам, зиқ мешавам. Фикр намекунам, ки ин барои ман бошад.

«Озодӣ»: Барои бист соли оянда нақша доред? Умуман, нақшаҳои дарозмуддат мекашед?

Нозияи Кароматулло: Вақте ҳунарнамоии ансамбли «Бибиҷонҳо»-ро мебинам, шӯхиомез ба дӯстонам мегӯям: «Нозия баъди 50 сол». Албатта, агар Тоҷикистон обод бошад, санъати тоҷик пеш равад, фикр мекунам, ки баъди 20-30 сол ҳам ман рӯи саҳна ҳастам ва ҳунарнамоӣ мекунам.

XS
SM
MD
LG