Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозияи Кароматулло ба Афғонистон меравад, ё не?


Нозияи Кароматуллоҳ.

Нозияи Кароматуллоҳ.

Сафорати Афғонистон мегӯяд, бо гузашти ду ҳафта аз даъвати Нозияи Кароматулло ба як маҳфил дар Кобул, ризоияти ӯро ҳосил карда наметавонад.

Ғулом Ҳасан Ҳазратӣ, атташеи фарҳангии сафорат зимни як тамоси телефонӣ бо Радиои “Озодӣ” гуфт, даъвати овозхони тоҷик Нозияи Кароматуллоҳ ба он кишвар дар сатҳи расмӣ сурат гирифта, вазорати хориҷии Афғонистон дар ин маврид номае ҳам ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фиристодааст, аммо то баргузории маҳфили бузурги фарҳангӣ 4 рӯз монда, ризоияти овозхонро ҳосил накардааст.

Нозияи Кароматулло, овозхони тоҷик, ба маҳфили Конуни фарҳангии Носири Хисрав, ки сарвариашро Сайид Мансури Нодирӣ, роҳбари исмоилиҳои Афғонистон ба зимма дорад, даъват шудааст. Маҳфил муаррифии китобҳои “Ганҷинаи ишқ. Маҷмӯаи сурудаҳои порсисароён” ва “Девони Мансур”, ки ба қалами Саийд Мансури Нодирӣ мебошад, ки бо ширкати шоирони маъруфи порсинависи минтақа баргузор мешавад.

Ғулом Ҳасан Ҳазратӣ мегӯяд, қаблан намояндагони Сайид Мансури Нодирӣ бо Нозияи Кароматулло дар тамос шуда, ахирӣ ризоияти худро барои ширкат дар ин маҳфил дода буд ва ҷониби Афғонистон дар ин амр мушкиле намебинад.

Сайид Мансур Нодирӣ, мулаққаб ба Сайиди Каён, пири тоҷикони исмоилӣ аст, ки дар вилояти Бағлони Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Дар муаррифии расонаҳои Ғарб ӯ ягон роҳбари исмоилист, ки ба Имом Оғохон тобеъ нест. Фармондеҳи маъруфест, ки бо ҳамаи ҳукуматҳои Афғонистон ҳамкорӣ мекард.

Ба монархияи Зоҳиршоҳ хизмат мекард, аз ҳукумати коммунистӣ кӯмак мегирифт ва ноиб – президенти ҳукумати муҷоҳидини Бурҳонуддини Раббонӣ буд. Дар замони Толибон бо нерӯҳояш ба Бомиён ва аз он ҷо ба Узбакистон фирор кард. Дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай узви Вулуси ҷирга, палатаи поёнии парлумони Афғонистон буд. Асосгузор ва раҳбари Ҳизби пайванди миллии Афғонистон аст. Дар интихоботи ахирӣ президентии Афғонистон аз номзадии Ашрафғанӣ Аҳмадзай пуштибонӣ карда буд.

Ғулом Ҳасан Ҳазратӣ мегӯяд, Сайид Мансур Нодирӣ дар касби шеър низ нафари мумтоз буда, 2 декабри соли равон “Девон” – и худро муаррифӣ мекунад. Ва ба ин манзур Конуни фарҳангии Носири Хисрав маҳфили бузургеро рӯи даст гирифта, дар қатори овозхонони афғон Нозияи Кароматуллоро низ даъват кардааст. Нозияи Кароматулло дар қиёс бо овозхонони дигар боре ҳам консерте дар Афғонистон надошт.

Дар гузашта аз овозхонҳои тоҷик Манижа Давлатова, Райҳона Раҳимова, Садриддини Нажмиддин ба Афғонистон сафар намуда ва барномаҳои консертӣ баргузор карда буданд.

XS
SM
MD
LG