Пайвандҳои дастрасӣ

Д. Усмон: «Нерӯҳои озодихоҳ низ иштибоҳҳои зиёд карданд»


Давлат Усмон.

Давлат Усмон.

Яке аз иштибоҳҳое, ки аз ҷониби ин нерӯҳо роҳ дода шуд, ба таъкиди Давлати Усмон, ин зиёдаравӣ ва максимализм буд.

Давлат Усмон, яке аз роҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти навбатии Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо" бо ишора ба рӯйдодҳои бист соли охир гуфт, ки нерӯҳои озодихоҳ, аз ҷумла ҳаракати Наҳзати исломи Тоҷикистон низ хатоҳои зиёде содир карданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Усмон, нерӯҳои он замон навзуҳур мехостанд, ки ҳама чиз якбора ва зуд иваз карда шавад, ҳол он, ки ҷомеа тадриҷан ва қадам ба қадам ислоҳ мешавад. Вай афзуд: «Ҳизби коммунисти он замон ҳукмрон дар Тоҷикистон аз замон қафо монда хеле карахт буд. Ҳаракатҳои сиёсии ҷадид баръакс хеле фаъол буданд ва табиист, ки ҳар касе бештар фаъол бошад, иштибоҳи зиёд ҳам мекунад. Аз ин рӯ ин нерӯҳо низ мубтакири иштибоҳҳои пайдарпай ва зиёде шуданд.»

Ҳамзамон Давлат Усмон зикр кард, ки дар сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳам омили дохилӣ ва ҳам омилҳои хориҷӣ баробар саҳм доштанд. Ба гуфтаи вай, шомил шудани исломиҳо ва озодихоҳ ба ҳукумати вақти Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум ба ҳукумати Узбакистон писанд наомада буд: «Мо аз ду зинаи қудрат дар Шӯравӣ вобаста будем. Аввал Тошканд баъд Маскав. Дар солҳои 90-ум Маскав машғули моҷарҳои дохилии худаш буд ва дар умури Осиёи Миёна бештари вақт гапи Узбакистонро мегирифт. Агар таҳлил кунем он замон бештари дахолати хориҷӣ ба Тоҷикистон аз Узбакистон буд. Авввалин ситод барои барҳам додани ҳукумати мусолиҳаи миллӣ низ моҳи июли соли 1992 дар Термиз таъсис ёфта буд. Аз он ҷо ҳама чиз роҳбарӣ шуд.»

Ҷаноби Усмон аз сабабҳои сар задании «ҳодисаҳои февралӣ» ёдовар шуд. Ба гуфтаи вай, дар соли 1990 ҷунбиши «Растохез» барои баргузории тазоҳурот дар таърихи 17 феврал иҷозаи расмӣ гирифта буд. Вале як гурӯҳи ҷавонон аз олами криминалии онвақтаи Душанбе санаи ҳабдаҳумро интизор нашуда таҳти таъсири овозаи додани хона ба муҳоҷирони арман ғайриқонунӣ рӯзи 11-уми феврал дар назди бинои КМ тазоҳурот барпо карданд: «Он гурӯҳ сходкаи роҳбарони криминалии Душанбе буданд. Мо намедонистем, ки онҳо супориш гирифтагӣ ҳастанд, чунки хеле ҷавон будем ва таҷриба надоштем.»

Дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди ширкаташ дар интихоботи президентии соли 1999 Давлат Усмон гуфт, вай ба ин маъарака омода набуд ва мухолифон ӯро як навъ иҷборӣ вориди саҳна карда буданд. Аммо дар бобати пешбарии номзадиаш дар интихоботи имсола вай гуфт: «Ман ҳоло дар ҳеҷ гуна ҷаласаҳои сисёсӣ ширкат намекунам. Дар вохӯрии ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида, ки дар Маскав шуд, ман ширкат надоштам ва даъват ҳам нашудам. Узви ягон ҳизб ҳам нестам ва ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуданӣ нестам.»

Ҷаноби Усмон ҳамчунин афзуд, ки шаш моҳ мешавад берун аз Тоҷикистон қарор дошт ва аз ҳаводиси доили кишвар чандон огоҳии пурра надорад ва дар мавриди интихоботи қарибулвуқуи президентӣ низ чизе гуфта наметавонад.

Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар таърихи 6-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов бо ҳадафи таҳқиқи ҳодисаҳое, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ ба амал омаданд ва омӯзиши муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, таъсис дода шудаааст. Дар доираи суҳбату гуфтугӯҳои Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо», шахсиятҳои шинохта ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва нахустин сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Талбак Назаров, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Абдумаҷид Достиев, собиқ муовини Комиссияи оштии миллӣ ва ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия, ширкат кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG