Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи тоҷик дар ростои чолишҳо


Акс аз vkd.tj
Акс аз vkd.tj

Ҳазорон корманди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр иди касбии худро таҷлил карданд.

Ҳар сол 10-уми ноябр дар Тоҷикистон чун рӯзи милиса таҷлил мешавад. Имсол ҳам дар Тоҷикистон дар доираи як ҷаласаи ботантана вазири корҳои дохилӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо ҷашнашон табрик гуфтаву теъдоде аз намояндагони ин соҳаро барои корнамоӣ ва хизматҳои шоёнашон ба ифтихорномаву рутбаҳо қадрдонӣ кард.

Таърихи милисаи тоҷик амалан аз соли 1917, вақте аввалин ҷузву томҳои корҳои дохилии сурх дар Хуҷанд таъсис ёфтанд, оғоз мегирад. Милисаи Тоҷикистони Шӯравӣ 6 феврали соли 1924 таъсис шуд ва то соли 2006 Рӯзи милисаи тоҷик 6 феврал буд. Аввалин комиссари халқии корҳои дохилӣ Абдулло Ёрмуҳаммедов будааст.

Имрӯз милисаи Тоҷикистон дар шароите ҷашни худро таҷлил мекунад, ки як ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, тайи 15 соли аввали асри 21 низ бо чандин чолиши ҷиддие, чун нооромиҳо дар шарқи кишвар ва ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзода рӯбарӯ шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар умум тайи 24 соли истиқлолият 1700 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми ифои вазифа ва таъмини амният, ҷони худро аз даст додаанд.

Милисаи тоҷик дар ростои чолишҳо.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Алиакбар Абдуллоев, таҳлилгар ва собиқадори милитсияи тоҷик мегӯяд: “Дар солҳои истиқлолият милисаии тоҷик як симои миллии худро пайдо кард. Дар ин давра тасмиме ҳам гирифта шуд, ки ислоҳоти куллӣ дар сохтори Вазорати умури дохила гузаронида шавад. Барои ин ислоҳот маблағи зиёде ҷудо шудааст ва баъди муҳокима байни мардум ва ҳуқуқшиносон як тағйироти ҷиддие дар ин сохтор ба миён меояд.”

Манзури Абдуллоев зоҳиран ислоҳотест, ки аз ҷумла табдили милиса ба пулисро дар назар дорад.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама исми милиса, ҳомии ҳуқуқу пуштибони мардум дар солҳои ахир борҳо дар қазияҳои марбут ба фасоз ва зӯроварӣ зикр шудааст. Ошкор шудани баъзе қазияҳои зӯроварии пулис ба боздоштшудаҳо ва рабт гирифтани бархе аз кормандони ин ниҳод бо ришва мавориди эътимоди онҳоро нисбати ин ниҳод коҳиш додааст. Дар як сӯҳбати сарироҳӣ ҳам аз сокинони шаҳр пурсидем, ки милисаро чӣ гуна дидан мехостанд.

Аммо масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки ҳамкории ин ниҳод бо ҷомеа сол аз сол густариш ёфта эътимоду боварии сокинон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ баракс меафзояд.

Сарҳанг Ҳотам Ятимзода, муовини сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъият дар Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд: “Тадобири пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа солҳои ахир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ин ҳам заҳмати мақомоти ваорати корҳои дохилӣ аст, ки дар ҳама ҷабҳа пешрафт кардааст. Онҳо шабу рӯз кор мекунанд, ҷони худро нисор мекунанд, то ҷомеа ободу осуда бошад. Мақсади онҳо ободӣ ва таъмини амнияти мардуми Тоҷикистон аст.”

Рӯзи милисаи тоҷик дар ҳоле таҷлил мешавад, ки се сол боз ислоҳоти ин сохтор ба тадриҷ ҷараён дорад. Тибқи барномаи ислоҳот, дар баробари табдили номи милиса ба пулис, як силсила ислоҳоти дигаре ҳам роҳандозӣ хоҳад шуд, ки ҳадафаш, ба гуфтаи мақомот, боло бурдани эътимоди мардум ба мақомоти умури дохила ва ба ҳомии воқеъии қонуну тартибот табдил додани онҳост.

XS
SM
MD
LG