Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурони пулис дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хона ба хона гашта, вазъияти оиладории сокинонро мепурсанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки даври дувуми амалиёти "Нелегал-2016" фақат бо тафтиши шиноснома маҳдуд намешавад.

Пурсиданд, ки фарзандонат ба ғайр аз дарс ягон кори дигар мекунанд, ё на? Гуфтам, ки шавҳарам дар Русия ҳаст. Рақамҳои телефони Шӯъбаи милисаро дода рафтанд.

Сокинон мегӯянд, нозирони минтақавӣ дар баробари шиноснома доштан ё надоштани онҳо, инчунин, ба вазъи оилавиашон таваҷҷӯҳ мекунанд. Фахриддин Бекназаров, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 2 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯзи пеш ҳамроҳ бо нозири минтақавӣ се корманди пулиси дигар ба манзили зисти ӯ ва ҳаммаҳаллаҳояш сар задаанд.

"Аввал аз мо шиноснома пурсиданд. Баъд гуфтанд, ки дар хонаат чӣ мушкил дорӣ ва аз ҳамсарам бо шӯхӣ пурсиданд, ки бо шавҳарат ҷангу ҷанҷол намекунед? Як-даҳ дақиқа бо мо сӯҳбат карда ва баромада рафтанд", - гуфт ӯ.

Сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ мегӯянд, омадани маъмурони пулис ба хонаҳояшон ва суолҳои аҷиби онҳоро мушоҳида кардаанд. Гулчеҳра Раҷабова, як сокини маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ гуфт, кормандони пулис дар бораи таҳсили фарзандонаш аз ӯ пурсидаанд. Ӯ гуфт, “пурсиданд, ки фарзандонат ба ғайри дарс ягон кори дигар мекунанд, ё не? Гуфтам, ки шавҳарам дар Русия ҳаст. Рақамҳои телефони Шӯъбаи милисаро дода ва рафтанд, ки дар сурати зарурат бо онҳо тамос гирем.”

Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз охири моҳи сентябр то 7 октябр дар Тоҷикистон даври дуюми амалиёти “Нелегал-2016” ҷараён хоҳад дошт. Ӯ гуфт, ба фарқ аз амалиёти қаблӣ дар ин маърака Шӯъбаи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оилаи Раёсати тартиботи ҷамъиятӣ ва Шӯъбаи пешгирӣ аз хариду фурӯши одамон низ ҷалб шудааст.

“Бисёре аз ҷиноятҳо дар заминаи хушунатҳои хонаводагӣ рух додаанд. Ба ин хотир дар доираи ин амалиёт чораҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хона ва ҷилавгирӣ аз фурӯшӣ одамон низ ташвиқ мешавад. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалҳо ҳамзамон бо санҷиши шиносномаҳо дар ин масъала низ ташвиқот мебаранд, то аз ҷиноятҳо пешгирӣ шавад”, - гуфт ӯ.

Имсол дар Тоҷикистон бори дувум аст, ки амалиёти “Нелегал-2016” баргузор мешавад. Марҳилаи якуми ин маърака аз 10 то 31 майи имсол ҷараён дошт. Солҳои қаблӣ ин амалиёт дар доираи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ маҳдуд мешуд. Дар амалиёти моҳи май то куҷо ба таври қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифта буд.

Дар пайи ин маълум шуд, ки 285 шаҳрванди хориҷӣ қоидаҳои будубош дар Тоҷикистонро вайрон кардаанд. Наздик ба 50 тани онҳо ба далели нақзи қонунҳои будубош аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG