Пайвандҳои дастрасӣ

Афсарони тоҷик одоби муошират бо сайёҳонро меомӯзанд


Акс аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо

Акс аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо

Ба иддае аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла пулис, гумрук ва марзбонон дар Тоҷикистон аз фарҳанги муносибат бо сайёҳони хориҷӣ меомӯзанд.

Сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, бояд бо фарҳанги нек рӯбарӯ шаванд, на бо бадмуомилагӣ, беэҳтиромӣ ё ришваситонӣ. Барои ин ҳар корманде, ки бо ҷаҳонгардон сару кор мегирад, бояд намунаи хубӣ ва меҳмондӯстӣ бошад. Барномаи омӯзониши ин кормандон дар пайи шикояту интиқоди сайёҳони хориҷӣ аз бархӯрди маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ва бо ташаббуси ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон пиёда шуда, интизор меравад, беҳбуди фазо ба ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Давраҳои омӯзишӣ аз аввали моҳи август, аз вилояти Бадахшон, ки минтақаи мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷист, сар шуда, то имрӯз ба 50 корманди ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа шеваи дурусти муносибат бо сайёҳон омӯзонида шуд. Ҳамин гуна давраҳои омӯзишӣ акнун дар дигар манотиқи кишвар ҷараён хоҳанд ёфт.

Ин иқдом дар Бадахшон аз ҷониби Ассотсиатсияи Сайёҳии Экофарҳангии Помир амалӣ мешавад. Асадшоҳ Зуҳуршоев, намояндаи ин созмон мегӯяд, фарҳанги муносибат бо сайёҳонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, як муттахассис аз Олмон омӯзиш медиҳад. Ҳадаф ҳам ба қавли ӯ беҳтар кардани фазои ҷаҳонгардӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбута дар кишвар аст.

«Бисёр нофаҳмиҳо ҳам дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сайёҳон ҳастанд, баъзе кормандон ба сайёҳон тунд муроҷиат мекарданд, баъзе ҳуҷҷатҳо нодуруст буданд, камбудиҳо бисёр ҳастанд. Ҳадафи аслии мо ба роҳ мондани муносибати хуб бо сайёҳи хориҷӣ аст. Ба мақомот дар ин семинарҳо фаҳмонида мешавад, ки чӣ хел сайёҳро бояд қабул кунад, чӣ тавр аз онҳо ҳуҷҷат пурсида шавад, хулоса бисёр сӯҳбатҳое ҳастанд, ки дар кори кормандони ҳифзи ҳуқуқ муҳим аст. Мо бояд ҳамкорӣ байни намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро пурзур кунем. Бо ин роҳ мешавад дар рушди сайёҳӣ ҳам мусоидат кард.»

Ба гуфтаи Асадшоҳ Зуҳуршоев, нофаҳмиҳо ва монеаҳо барои сайёҳон дар минтақаи Бадахшон бештар аст, чун ба қавли ӯ барои сайёҳе, ки аз ин минтақа дидан кардан мехоҳад, ба ҷуз аз раводид боз иҷозатномаи иловагӣ ҳам лозим аст. Ҳуҷҷатнигории каме мураккаб ва дидбонгоҳҳои зиёде то расидан ба Бадахшон, ки дар ҳар яки онҳо сайёҳони хориҷӣ ҳудудан ним соат манъ мешаванд ва ҳамчунин талаби маблағҳои иловагӣ, хароҷоте, ки аслан дар нақшаи сайёҳон нест, боиси нороҳатии меҳмонони хориҷии Тоҷикистон мешудааст.

Умеда Қурбонбекова, раҳбари ширкати сайёҳии «Ҷавоҳир» мегӯяд, мушкили сайёҳон ғолибан баробари поин шудан аз ҳавопаймо аз муносибат дар фурудгоҳ шурӯъ мешавад. Ӯ аз ду ҳолате мисол меорад, ки бо муштариёни худи онҳо рух дода буд:

«Як меҳмон дар чанд моҳи пеш аз Шветсия омад ва дар фурудгоҳ дар шӯъбаи консулгарӣ ӯро беш аз 2 соат манъ карданд ба хотире, ки забонашро нафаҳмиданд ва тарҷумон ҳам надоштанд. Мо тарҷумон дорем, аммо ҳаққи то дохили фурӯдгоҳ рафтанро надорем. Ё масалан ҳолати дигар дар Зарафшон аз як сайёҳ, ки аз Суис омада буд, барои дохил шудан ба як базаи туристӣ ҷангалбонҳо пул пурсидаанд, 1 соат баҳс кардаву вақташро гирифтаанд. Ӯ ба мо занг зада гуфт, чаро инҳо маблағе талаб донранд, ки дар барномаи шумо нест. Ҳамин тавр кормандони ҳифзи ҳуққ як ҳуҷҷатро то 2 3 рӯз манъ мекунанд, мо ҳуҷҷатро пешниҳод мекунем, аммо онҳо мегӯянд худи сайёҳ ҳам дар наздашон ҳозир шавад.»

Хонум Қурбонбекова мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои масъулро мебояд на танҳо муносибати худро бо сайёҳон, балки бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳам дигар кунанд. Зимнан дар гузашта ҳам чандин мавриди шикояти сайёҳон аз муносибати дағалона ва хизматрасонии бади сохторҳои марбута вуҷуд дошт.

Аз ҷумла гурӯҳи «Барака», ки бо як сафари ҳунарӣ дар соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд, дар Фейсбук аз муносибати масъулони Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, аз хунукназарӣ, камсалоҳиятӣ ва ҳатто бадахлоқии онҳо шикоят кард. Ҳамчунин моҳи июли соли ҷорӣ шаш сайёҳ аз Латвия дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он шиква карда буданд, ки аз онҳо ғайриқонунӣ «ҷангалпулӣ» ситонида шудааст.

Аммо як масъули пулис дар вилояти Бадахшон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард мегӯяд, то ба ҳол ягон сайёҳ аз муносибат ё бархӯрди бади намояндагони ҳифзи ҳуқуқ шикоят накардааст:

«Ҳар сайёҳе, ки меояд, аввал аз қайд мегузарад ва агар ҳама ҳуҷҷатҳо дар доираи қонун бошад, бея гон мушкил метавонад сайёҳаташро идома диҳад. Мо ҳам ҳамеша ба кормандон таъкид мекунем, ки бо меҳмонҳо муносибати хуб дошта бошанд. Сайёҳон бо худ тарҷумон доранд ва бинобарин ҳеҷ нофаҳмие бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сар намезанад.»

Кор Вармер аз Ҳуланд, ки ҳамроҳ бо чанд тани дигар барои саёҳати 23 рӯза ба Тоҷикистон омадаанд ва ҳоло дар Мурғоб аст, мегӯяд, сафарашон ба ин минтақа бе ягон мушкили ҷиддӣ гузашт, аммо ӯ ба масъулини соҳаи ҷаҳонгардӣ пешниҳод дорад, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳое, ки бо сайёҳон кор мебаранд, каму беш забони англисӣ омӯзонида шавад. Кор Вармер афзуд:

«Дар ҳамин лоиҳаи омӯзиши фарҳанги муносибат бо сайёҳон, агар ин пешниҳод ҳам ворид мешуд хуб мебуд. Масалан пулис ё умуман кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар баъзе ҷойҳо агар забони анлисиро донанд, хуб мебуд, то ки тавонанд бо саволҳои мо посух диҳанд ва мушили моро осон кунанд.»

Бино бар омори расм дар нимаи аввали соли ҷорӣ 74 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд ва ин кишвар аз ҳисоби сайёҳӣ дар ин муддат 37 миллион доллар пул "кор" кардааст. Ҷалби шумораи бештари ҷаҳонгардон ба афзоиши ин даромади кишвар мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG