Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2013 дар ин кишвар беш аз 100 узви гурӯҳҳои мамнӯъ, аз ҷумла созмонҳои террористӣ боздошт шудаанд.

Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: «48 нафар бо иттиҳоми аъзогӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, 31 нафар аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, 17 нафар аъзои ҳаракати «Ансоруллоҳ» ва 6 нафар аъзои гурӯҳи Абдуллоҳ Раҳимов, ки 12 ҷиноят содир кардаанд, дастгир шудаанд.»

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомӣ ва амнияти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти гуруҳҳои созмонёфтаи фаромиллии ҷиноӣ, экстремистӣ ва терорристӣ дар ин кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамзамон, ба гуфтаи онҳо, вуруди чунин афрод ва гурӯҳҳо аз хориҷа низ бештар мешавад.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи омори овардаи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аксаран аъзоёни боздоштшудаи гуруҳҳои терорристӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, бештари онҳо муасиссаҳои таълимии кишварҳои исломиро хатм кардаанд. Ва бо сабаби он, ки ба ин ё он гурӯҳи мамнӯъ пайвастаанд, онҳо ба Тоҷикистон меоянд ва дастуру супоришҳои раҳбарони худро дар инҷо амалӣ кардан мехоҳанд.»

Алимурод Маханов

Алимурод Маханов

Рӯшантарин намунаро мақомот дар парвандаи Аламурод Маханов мебинанд, ки пас аз таҳсил дар таҳсил дар Эрон ва Покистон гӯё бо дастурҳои муайяне ба Тоҷикистон баргаштааст. Ӯро дар ҷараёни як амалиёти махсус дар моҳи сентябри соли 2013 дар ҳоле, ба гуфтаи мақомот, боздошт карданд, ки гӯё мехост, дар арафаи интихоботи президентӣ чанд макони муҳимро дар шаҳри Душанбе мунфаҷир кунад.

Ҳоло гуфта мешавад, ӯ бо созмонҳои ифротии «Ансоруллоҳ», ҳамкорӣ дошт, вале масъулони ин гуруҳ мегӯянд, бо Маханов рабте надоштанд ва надоранд. Дар оғоз Маханов ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешуд. Аммо Умедҷон Бобоҷонов адвокати Алимурод Маханов, мегӯяд, ки ӯ «дар чанд мурофиаи додгоҳӣ ин иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад кард.»



Мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар бораи боздоштшудаҳо иттилои зиёд намедиҳанд ва мегӯянд, чунин ҷузъиёт ба рафти тафтиш халал хоҳад расонд, аммо иттиҳомоти умумӣ шубҳаеро таҳрик медиҳад, ки шояд на ҳамаи боздоштшудаҳо аъзоио гуруҳҳои террористӣ ва тундраванд.

Вале таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон то охири соли 2014 ва фаъолтар шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, чун Ҳаракати исломии Узбакистон ва «Ансоруллоҳ», ки акнун ба воситаи интернет ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд, эҳтимоли нақшаҳои ба ҳам задани амнияту субот дар Тоҷикистонро кам намешуморанд.

Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ.

Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ.

Комёб Ҷалилов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон гурӯҳҳои террористие ҳастанд, ки шаҳрвандони шӯравии собиқро ба сафи худ гирифтаанд ва онҳоро тамрин медиҳанд. Ин гуруҳҳо ба сатҳи зарурӣ сармоягузорӣ мешаванд ва касоне ҳастанд, ки онҳоро аз ҳар ҷиҳат таъмин мекунад. Барои ҳамин, ҳангоме ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон хориҷ мешаванд ва вазъ дар Афғонистон тағйир мекунад, онҳо ба як таҳдиди умдаи терорристӣ барои Тоҷикистон табдил меёбанд.

Комёб Ҷалилов меафзояд: «Баъзе қувваҳое, ки дар Афғонистон муаалақ мемонанд ва хоҳ-нохоҳ аз инҷо ронда мешаванд, куҷо мераванд? Аврупову Русия онҳоро қабул намекунад. Онҳо маҷбур мешаванд аз кишварҳое, ки рафта буданд, ба онҷо баргарданд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО онҳо тавассути Тоҷикистон тарки Афғонистон кунанд.»

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Бузмаков мегӯяд, ба хотири аз гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳу равияҳои тундрав дар солҳои охир 2600 нафар ҷавонону наврасоне, ки ғайрирасмӣ дар давлатҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба ватан бозпас оварда шуданд. Вай изҳори қаноатмандӣ кард, ки муборизаи мақомоти қудратии Тоҷикистон зидди гуруҳҳои тундгаро ва ифротӣ аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назаррастар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG