Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои зиддунақиз дар бораи Расули Амонуллоҳ


Акс аз сомонаи vkd.tj
Акс аз сомонаи vkd.tj

Вазорати умури дохила мегӯяд, Расули Амонуллоҳ - гумонбари асосӣ дар садамаи шаби 9 октябр феълан дар Душанбе дар бемористон қарор дорад.

Дар хабари расмии вазорати умури дохила, ки рӯзи 22 октябр дар сомонааш нашр шуд, аз ҷумла омадааст: "Иштирокчии садамаи мазкур Расули Амонуллоҳ, соли таваллудаш 1997, сокини кӯчаи Карамов, айни замон ба шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, мавриди пурсиши мақомоти тафтишотӣ қарор дорад. Ӯ дар натиҷаи ин садама ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст ва ва дар беморхона бистарӣ мебошад. Вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умар чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст."

Аммо вазорати умури дохила ҷузъиёти чигуна дубора дар Душанбе пайдо шудани Расули Амонуллоҳ, кай ва аз куҷо ва таҳти кадом шароит баргаштани ӯ ва ҳам дар кадом бемористон қарор доштанашро шарҳ надодааст. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки оё ӯ дар ин парванда ба ҳайси шоҳид мегузарад ё гумонбар?

Расули Амонуллоҳ дар бемористон. Акс аз сомонаи vkd.tj
Расули Амонуллоҳ дар бемористон. Акс аз сомонаи vkd.tj
Вазорати умури дохила аммо барои бори аввал дар бораи вуҷуди "иштирокчии дигари садамаи мазкур" бо номи Шарипов Умар сӯҳбат мекунад. Вале маълум нест, ки оё ин нафар дар он садама ба кадом ҳайс "иштирок" кардааст - ҳамчун мусофир, раҳгузар ё нафаре ки пушти фармони БМВ нишаста буд?

Ин дар ҳолест, ки як манбаъи хабаргузории "Озодагон" хабари вазорати корҳои дохилиро радд карда, гуфтааст, Расули Амонуллоҳ дар ягон бемористон нест. Ба гуфтаи ин манбаъ, ӯ баъди докабандии дастару аксгирӣ дар бемористони ширкати роҳи оҳан ҳамроҳи модараш бемористонро тарк кардааст.

Қаблан як манбаъи Озодӣ хабар дод, ки Расули Амонуллоҳ, гумонбари асосӣ дар садамаи пурсарусадои фалокатбори шаби 9 октябр, рӯзи шанбе аз Олмон ба Тоҷикистон баргаштааст. Ин манбаъи мӯътамад дар вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Расули Амонуллоҳ, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, ки гумонбари аслии сар задани садамаи фоҷиабори 8-ум ба 9-уми октябри дар маркази Душанбе дониста мешавад, ӯ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз Франкфурти Олмон ба Душанбе баргашт ва феълан мавриди пурсиш қарор дорад.

Ин манбаъ гуфт, ки Расули Амонуллоҳ дар боздошт нест, вале ҳар вақте ки барои пурсиш даъват шавад, худаш ҳозир мешавад: «Расули Амонуллоҳ пас аз рух додани садама ба Олмон фирор накарда буд, балки аз қабл билети ҳавопаймо дошт ва бояд парвоз мекард, ӯро ҳеҷ кас нагурезондааст.»

Гурӯҳи тафтишотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло пурсиши ҳамаи шоҳидон ба анҷом нарасидааст ва тайи як моҳи дигар маълум хоҳад шуд, ки гунаҳкори аслӣ кӣ мебошад?

Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар иртибот ба садамаи ахир бо ширкати Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳан, "ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва ҳанӯз гунаҳкори аслии ҳодиса муайян нашудааст." Аммо ҷаноби Раҳимов афзуд, "дар сурати муайян шудани гунаҳкори садама вай дар ҳар куҷое бошад оварда мешавад ва агар аз тафтишот канорагирӣ кунад, нисбаташ ҷустуҷӯ эълом мешавад." Рамазон Раҳимов дар мавриди ин садама изҳори назари бештар накард, вале гуфт, ки "чун сирри тафтишот аст, бояд муддати ду моҳ интизор шуд, то натиҷаи тафтишот эълон шавад."

Вале ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон, марҳилаи таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба садмаҳои автомобилӣ як моҳро дар бар мегирад.

Мошини БМВ-и Расули Амонуллоҳ, бино ба гузориши расмии вазорати умури дохилӣ, соати дувуними шаби 9 октябр дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини «ВАЗ-21014», шуморааш 80-36 ВВ 01, таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович, сокини кӯчаи Хӯҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садама Саидов Аловуддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дохили атвомашинаи мазкур Исмоилова Сурайё, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Турсунзода, ва Уктам Мансуров, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе ва писари раиси чойхонаи "Роҳат", дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар дар натиҷаи ин садама захмҳои сангин бардошта, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ мебошанд.

Мақомот баъди садама гуфтанд, ки ронандаи мошини БМВ Расули Амонуллоҳ писари раиси ширкати роҳи оҳан буд, вале ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист боздошт накардаанд. Баъди чанд рӯз хабар расид, ки Расули Амонуллоҳ ҳамагӣ чанд соат баъд аз ҳодиса ба Олмон парвоз кардааст.

Дар пай дар матбуот сарусадои зиёде, аз ҷумла бо талаби истеъфои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз мақоми раиси ширкати роҳи оҳан ва ба масъулият кашондани худи ӯ бо ҷурми поймол кардани қонуни масъулияти волидайн бархост. Раиси ширкати роҳи оҳанро ба он муттаҳам мекарданд, ки ба писари ноболиғаш мошин харидааст ва ӯ бар хиллофи муқаррароти қонуни масъулияти волидайн, соати дувуними шаб дар кӯча мегашт.

Хабаргузории Tojnews дар поёни ҳафтаи гузашта бо такя ба манобеъаш хабар дода буд, ки дастури пас овардани Расули Амонуллоҳ аз Олмонро баъди шунидани хабари садама ва вокунишҳои бархоста ба дунболи он шахсан раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон додааст.
XS
SM
MD
LG