Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД дар бораи "зиёфат"-и хунин дар Кӯлоб (ВИДЕО)


Амирхон Ҳотамов

Амирхон Ҳотамов

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар "зиёфат"-и хунине, ки ду донишҷӯи донишгоҳи Кӯлобро кушта ба ҷо гузошт, 5 нафар ширкат доштанд. Нафари қотил, бино ба гузориши ВКД, посбони як ширкат будааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр хабар дод, ки дар “зиёфат”-и хунини рӯзи 21 ноябри донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб 5 нафар ширкат доштаанд ва Амирхон Ҳотамови 23-сола, ки ду донишҷӯро куштааст, посбони як ширкат будааст.

Дар матлаби нашршуда дар сомонаи расмии ин вазорат бо номи “Куштори ду нафар донишҷӯ” гуфта мешавад, ки «Рӯзи 21.11.с.2014, шаҳрванд Ҳотамов Амирхон, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Темурмалик, донишҷӯ, муваққатан посбони яке аз фирмаҳои ш. Кӯлоб бо ҳамроҳии рафиқонаш: Ҳакимҷони Маҳмадалӣ соли таваллудаш 1991, донишҷӯ, Наврӯзшоҳ Саидаҳмад соли таваллудаш 1995, донишҷӯ, Ҷахонгири Искандар, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб, Сафаров Эмомназар соли таваллудаш 1996, донишҷӯ, сокини н. Шӯрообод ва Сафаралӣ Файзиддин соли таваллудаш 1992, донишҷӯ, сокини н. Ховалинг барои хурдани хӯроки шом дар ҷойи кораш ҷамъ мешаванд.»

Бино бар ин манбаъ, дар ҷараёни зиёфат байни онҳо муноқишае ба миён меояд ва «Ҳотамов А. бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба гулӯи Наврӯзшоҳ С. ва як маротиба ба қисмати шиками Ҳакимҷони М. задааст, ки дар натиҷа Наврӯзшоҳ С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳакимҷони М. ҳангоми ҷарроҳӣ дар беморхона ҳалок гардидааст. Гумонбаршуда Ҳотамов А. аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, ҳодисаи мазкур таҳти тафтишот қарор дорад.»

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА:

Рӯзи 22 ноябр шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб хабар дода буд, ки шоми 21 ноябр ду донишҷӯи Донишгоҳи давлати Кӯлоб дар утоқи иҷораашон аз сӯи як ҳамсабақи худ ба қатл расидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи курси панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз ноҳияи Темурмалик, Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров, донишҷӯёни соли савуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии ҳамин донишгоҳро, ки аз маҳаллаи Даҳанаи Кӯлоб будаанд, бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Як масъули шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб бидуни овардани номаш, рӯзи 22-юми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Амирхон Ҳотамов дар як дорухона посбон буда ва шабҳо ҳамонҷо мехобидааст. Вале вай рӯзи гузашта ба утоқи иҷораи Наврӯз ва Ҳокимхон дар кӯчаи Борбад омада, аз боми он кабӯтар меқапанд ва ҳамроҳ хӯрок мепазанд.

Маҳалли қатли ду донишҷӯ

Маҳалли қатли ду донишҷӯ

Ин масъули милиса афзуд: “Амирхон маст будааст. Вақте кабӯтар меқапанду онро мепазанд, бачаҳоро маҷбур мекунад, ки онҳо низ ҳамроҳаш аз гӯшти кабӯтар бихӯранд. Наврӯз хоҳишашро рад намуда, мегӯяд, гӯшт бӯй мекунад, намехӯрем. Барои ҳамин Амирхон асабӣ шуда, чоқуро гирифта ба гулӯи Наврӯз мезанад. Ҳокимхон мехоҳад Наврӯзро наҷот диҳад, аммо Амирхон кордро гирифта, дар дили Ҳокимхон мезанад. Дар натиҷа яке дар ҷои ҳодиса ва дигарӣ дар даромадгоҳи бино мефавтанд.”

Ба қавли ин масъули корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб, Амирхон гуноҳи худро пурра эътироф кардааст. Ҳатто кордеро, ки ду донишҷӯро бо он ба ҳалокат расонидааст худаш ба пулис нишон додааст.

Тавре гуфта мешавад, ин се донишҷӯи Донишгоҳи Кӯлоб бо ҳам риштаи дӯстӣ доштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG