Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД: "Террористҳо" нақбҳои "Шаҳристон" ва "Истиқлол"-ро тарконданӣ буданд


"Абӯ Усмон", яке аз фармондеҳони ҷангиёни Осиёи Марказӣ дар Сурия

"Абӯ Усмон", яке аз фармондеҳони ҷангиёни Осиёи Марказӣ дар Сурия

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аъзои гурӯҳе, ки дар вилояти Суғд қабл аз рафтан ба ҷанги Сурия дастгир шуд, қасди анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар худи Тоҷикистон, аз ҷумла қасди ҳамла ба як қисми низомӣ ва таркондани ду нақби “Шаҳристон” ва Истиқлол” дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро доштаанд.

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтаанд, аъзои гурӯҳи Мансур Бобоёров, ки дар поёни моҳи сентябр қабл аз рафтан барои “ҷиҳод” дар Сурия дастгир шуданд, нақшаи анҷоми чанд ҳамлаи террористӣ дар худи Тоҷикистонро ҳам дар сар доштанд. Бино ба маълумоти фаврие, ки дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ба даст омадааст ва хабаргузориҳои Авесто, ИТАР-ТАСС ва Франс Пресс бо такя ба манобеи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр кардаанд, ин гурӯҳ аз ҷумла қасди ҳамла ба як қисми низомӣ ва шӯъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Панҷакент ба хотири ба даст овардани аслиҳа ва ҳам нақшаи таркондани ду нақби стратегии “Шаҳристон” ва “Истиқлол” дар шоҳроҳи асосии Тоҷикистон – шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чаноқро дар сар доштааст. Ин ду нақб шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷанубаш мепайванданд.

Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ шӯъбаи маҳаллии созмони “Ҷундуллоҳ” буда, ба он Мансур Бобоёров, сокини ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент раҳбарӣ мекард. Мансур Бобоёров дар гузашта ҳамин тавр, раҳбарии шӯъбаҳои “Ҷундуллоҳ” дар вилояти Свердловски Русияро бар ӯҳда доштааст. Ба гуфтаи мақомот, Мансур Бобоёров дар Свердловск ва ҳам дар шаҳри Уфа - пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия низ ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи ин созмони, ба таъбири мақомот, “террористӣ” машғул будааст.

“Ҷундуллоҳ”, ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон, мисли “Ансоруллоҳ”, як гурӯҳи бархоста аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон аст, ки ҷангиёни зодаи Тоҷикистонро дар Афғонистону Покистон таҳти шиори мубориза барои таъсиси давлати исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муттаҳид мекард. Вале дар ин авохир сарусадои ин гшурӯҳ ҳарчӣ бештар аз ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия ба гӯш мерасад.

Шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд

Шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд

Гуфта мешавад, аъзои ин гурӯҳ қабл аз сафари Сурия дар ҳудуди ноҳияи бо Узбакистон ҳаммарзи Спитамен (собиқ Нов) дастгир шудаанд. Аммо дар ҳоле ки манобеи “Авесто” ва ИТАР-ТАСС дар раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва дар дафтари марказии вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти 13 узви ин гурӯҳ хабар медиҳанд, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс шумори боздоштшудаҳо дар чорчӯби ин парвандаи “терроризм”-ро 20 нафар баршумурдааст. Ҳамин тавр, дар ҳоле ки қаблан гуфта мешуд, ки аъзои ин гурӯҳ қабл аз рафтан ба ҷанги Сурия дастгир шудаанд, мусоҳиби Франс Пресс онҳоро афроди ҷангдида ба қалам дода, гуфтааст, ки онҳо тоза аз Сурия баргаштаанд.

Қаблан мақомоти додситонии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буданд, ки алайҳи 9 сокини шаҳри Панҷакент ва 1 сокини ноҳияи Спитамен, ки ба қавли мақомот, қасди иштирок дар ҷанги Сурия ва ташкили давлати исломиро дошта, охири моҳи сентябри соли ҷорӣ боздошт гардидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи масъулони додситонӣ, ин афродро барои сафари дуру пурхатар, аммо дар тасаввури худашон – “пур аз савобу шаҳодат” Мансур Бобоёров -- сокини ҷамоати Саразми Панҷакент ва Элдар Ҳотамов -- сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен розӣ кардаанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Озодӣ, ин афрод охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Як мусоҳиби Озодӣ аз додситонии Суғд, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, “инҳо мақсад доштанд, ба Сурия рафта, дар “ҷиҳод” иштирок ва давлати исломӣ барпо кунанд. Онҳоро Мансур Бобоёров ва Элдар Ҳотамов ба ин роҳ даъват кардаанд. Ба назари онҳо, онҳо ба Сурия рафта, аввал дар он ҷо, давлати исломӣ барпо мекунанд, баъд доираи “ҷиҳод” – и худро васеъ карда, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Осиёи Миёнаю Тоҷикистон ҳам давлати исломӣ месозанд.”

Додситонии Суғд мегӯяд, алайҳи ин гурӯҳ бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: 32 – қасди содир кардани ҷиноят; 187, қисмҳои 1 ва 2 – таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва 401, иловаи 1 – ҷалб барои иштирок дар ҷангу задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишвари хориҷӣ - парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтиш идома дорад.

Аз насаби якхелаи бархе боздоштшудагон, мисли Бобоёровҳо: Мансур ва Бахтиёр; Тӯроновҳо: Яҳё ва Муҳаммад пайдост, ки онҳо зоҳиран бо ҳам хешутаборанд. Дилнавоз Султонова, ҷонишини раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент рӯзи 15 октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ аз боздошти танҳо Мансур Бобоёров хабар доранд: “Фақат ҳамин қадар медонем, ки Бобоёрову шариконаш риш мондаанд ва ҳамсаронашон ҳиҷоб доранд. Ҳатто дар интихоби гузашта аз ин деҳа ягон кас ба номзадҳои ҳизби исломӣ (манзур – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - РО) овоз надода буд.”

Ба гуфтаи хонум Султонова, аз деҳаи Янгиқишлоқ – маҳалли зисти Бобоёровҳо касе қаблан барои фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ боздошт нашуда ва то ҳол дар мавриди ширкати ягон сокини ин деҳа дар ҷанги Сурия ё кишвари дигар гузориш нашудааст. Ӯ мегӯяд, шояд ин афрод ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба сафи созмонҳои “ҷиҳодӣ” ҷалб шуда бошанд.

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ахиран хабар дод, ки бар асоси маълумоти охирин, ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд ва то имрӯз аз ин шумор 50 нафари онҳо кушта шудаанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,дар ҳоли ҳозир нисбат ба 25 сокини Тоҷикистон бо ҷурми ширкат дар ҷанги Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Моҳе пеш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳалокати дастикам 30 шаҳрванди ин кишвар дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад рақам дода буд.

Ҳарчанд, мақомот шумораи тоҷиконеро, ки дар Сурия меҷанганд, то 200 нафар мегӯяд, худи ин афрод дар чанд видеое, ки аз тариқи Интернет нашр кардаанд, шумори зодагони Тоҷикистонро дар Сурия дастикам 500 нафар гуфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG