Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» дар Осиё ғолиб шуд


Озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқҳои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ», бо ғолибияти адибони тоҷик анҷом ёфт.

Ин озмун, ки ба он 238 асар аз кишварҳои Осиё ворид шуда буд, рӯзи 17-уми ноябр дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо баргузории маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон, натиҷагирӣ шуд.

Раҳматулло Раҳматуллоев, масъули дафтари матбуотии вазорати фарҳанг рӯзи 18-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имсол ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун аз Тоҷикистон муаллифони сенарияи намоишномаи «Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» Азим Аминов, адиб ва нависандаи тоҷик ва Олим Салимзода, вакили парлумон мушарраф гаштаанд. ​Ин асар дар асоси рубоиёти фалсафӣ ва ҳикматомӯзи суханвари тоҷик Умари Хайём офарида шуда, ғановати бемисли адабиёти гузаштаи миллати тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Ҳамчунин дар озмуни мазкур Садрӣ Умар, шоир, нависанда ва драматурги тоҷик бо сенарияи филми ҳунарии «Чамбули мастон» ғолиби озмун дониста шудааст. Гуфта мешавад Садрӣ Умар дар солҳои 2011 ва 2012 низ бо сенарияҳои намоишномаи «Гӯрзод» ва филми ҳунарии «Тифле дар чанголи уқоб» дар озмун иштирок намуда, соҳиби ҷои аввал шуда буд.

Аз се сол ба ин тараф бо иқдоми вазорати фарҳанг, варзиш ва туризми ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Қазоқистон, вазорати фарҳанги Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои фарҳанг ва варзиши кишварҳои Қирғизистон ва Узбакистон озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқхои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» баргузор мешавад. Масъулони баргузории ин озмун мегӯянд, ки ҳадафи асосии он, дарёфти асарҳои саҳнавии дорои арзишҳои баланди фарҳангӣ ба хотири таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар ҷодаи санъати театрӣ ва филмофарӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2011 ҷумҳурии Қирғизистон бо сенарияи филми ҳунарии «Ашки духтари ҷасур», соли 2012 кишвари Узбакистон бо сенарияи филми ҳунарии «Алпомиш» Шоҳҷоизаи Кумитаи Осиёгии озмунро соҳиб шудаанд. Масъулони вазорати фарҳанг мегӯянд, ки озмуни байналмилалии «Санъати афсонагӯӣ» соли 2014 низ идома ёфта, баргузории навбатии ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG